Ҷамомади навбатие, ки дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини ин ниҳод доир гардид, дар он тамоми  масълаҳои асосии фаъолияти агентӣ вашуъбаҳои  дар дигар шаҳру навоҳии кишвар  қарордоштаи он мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба   қарор дода шуд.

Дар ҷамъомади мазкур пеш аз ҳама, масъалаҳои хоҷагиҳои кишоварзии дар тобеияти  агентӣ буда,    имкониятҳои афзоиш додани заминҳои кишт ва парваришу ҳосили  маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ карда    шуд.  Ҳамзамон, мушкилот ва масоили вобаста ба  корхонаҳои хӯрокворию дӯзандагӣ ва бахши чорводорӣ  низ аз  тарафи аҳли нишаст    мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар ҷараёни машварати кории мазкур як қатор масъулини зерсохторҳои агентии мазкур вобаста ба самти   фаъолияти худ суханронӣ намуда, аз корҳои анҷомдода ва бурду бохти вазифаҳои дар наздашон    гузошташуда  маълумот доданд. Маълум карда шуд, ки дар баробари ба сомон расонидани масъалаҳои пешбинишуда, инчунин дар фаъолияти баъзе аз шуъбаву корхонаҳои тобеъ ҳанӯз ҳам камбудиҳо ба назар мерасанд.

Аз ин лиҳоз, доир ба мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он аз тарафи иштирокчиёни ҷамъомад пешниҳодҳои муфид сурат гирифт ва баҳри ислоҳу бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта шахсони масъул вазифадор карда шуданд.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар машварати мазкур мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин буд, ин захира намудани хӯрока ва омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ ва таъмини саривақтии қисму воҳидҳои ҳарбии дар минтақаҳои дурдасти кишвар воқеъбуда бо маҳсулоти ниёзи аввалия буд. Қобили зикр аст, ки агентии мазкур фаъолияти гуногунпаҳлӯ дошта, сохторҳои қудратии мамлакатро бо маводи хурокворӣ, сару либоси низомӣ, пояфзол ва дигар амволи шайъӣ таъмин менамояд.