01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: Донишкадаи ҳарбӣ ДОНИШКАДАИ ҲАРБИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШКАДАИ ҲАРБИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо афсарони касбӣ зарурат пеш омад. Аз ин лиҳоз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 ва бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1992 дар пойгоҳи Техникуми геологӣ Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ -муҳандисӣ ташкил карда шуд. Гурӯҳи аввалини донишҷӯёни шомилшуда ба Коллеҷи мазкур бори нахуст 23 феврали соли 1993 дар рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди ҳарбӣ ёд намуда, дар гузаронидани намоиши ботантанаи ҳарбӣ фаъолона иштирок намуданд.

Таъсисиси Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисӣ ба даврае рост омад, ки дар кишвар муноқишаҳои дохилӣ, яъне ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Ҳайати шахсии Коллеҷ бо дарки масъулияти касбӣ бо ҳамроҳии дигар сохторҳои қудратӣ дар муҳорибаҳо бар зидди ҷинояткорон, баҳри таъмини сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд. Бо гузашти вақт теъдоди муҳасилини Коллеҷ афзуда хоҳишмандони таҳсилкунанда дар ин муассисаи таълимӣ зиёд гардид. Ҳамзамон доираи фаъолияти колеҷ низ васеъ шуда, бо биноҳои нави таълимӣ таъмин карда шуд.

Бо назардошти ин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-апрели соли 2002 Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисӣ ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он дидан намуд. Ҳайати устодони Донишкадаи ҳарбӣ айни замон ба донишандӯзии донишҷӯён, камолоти ҷисмонӣ ва такмили донишҳои ҳарбӣ-сиёсии онҳо диққати махсус дода, зарфият ва имкониятҳои васеи хонишро фароҳам овардааст, то ҳарчи бештар миқдори афсарони касбиро дар қисму воҳидҳои низомии кишвар зиёд намуда, рафти хизмати ҳарбии афсаронро дар сатҳи касбӣ ба роҳ монад.

Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ягона муассисаи олии ҳарбӣ мебошад, ки барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат афсарони касбиро омода менамояд. Таҳсил дар ин муассисаи олии ҳарбӣ ройгон ба роҳ монда шуда, чор сол давом мекунад. Хатмкардагони Донишкадаи ҳарбӣ имрӯзҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар адои вазифа намуда, саҳми хешро дар ҳифзи марзу бум ва суботи сиёсии мамлакат гузошта истодаанд. Аз ин рӯ наздики 200 нафар хатмкардагони ин Донишкада барои хизматҳои софдилона бо рутбаҳои навбатӣ ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳоло Донишкадаи ҳарби дорои биноҳои махсуси таълимӣ, хобгоҳ, майдони варзишӣ, дармонгоҳи тиббӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, осорхонаи «Шарафи Ҷангӣ», парки автомобилӣ, ҷойи тирпарронӣ, китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва лингафонӣ, майдончаи тактикӣ, оркестри мусиқачиёни ҳарбӣ, маркази таълимии «Лоҳур», ошхонаи замонавӣ буда, ҳамаи онҳо мавриди истифодаи афсарон, прапоршикҳо, курсантҳо ва сарбозон қарор доранд.

Бояд гуфт, ки дар рушду такомули Қувваҳои Мусаллаҳ Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа саҳми асосӣ дошта бо донишгоҳҳои ҳарбии Федератсияи Руссия, Белорусия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Имрӯз курсантони Донишкадаи ҳарбӣ дар факултаҳои умумиқӯшунӣ, ҳавонавардӣ, мусиқӣ-ҳарбӣ таҳсил намуда, ба ҷузъу томҳои Артиши миллии Ҷумҳурӣ фиристонида мешаванд. Дар Донишкадаи ҳарбӣ аз рӯи касбҳои зерин афсарони касбӣ тайёр карда мешаванд: истифодабарии ҷузъу томҳои савораи тирандоз, ҳавоӣ-десантӣ, артиллерӣ, разведкавӣ, сапёрӣ- муҳандисӣ, таъмирӣ-техникӣ, афсарон оиди кор бо ҳайати шахсӣ, ҳавонавард-муҳандис, афсари идоракунии ҷангӣ, истифодаи техникии тайёраҳо ва муҳаррикҳо, истифодаи таҷҳизоти техникаи ҳавопаймо, истифодаи таҷҳизоти радиоэлектронии техникаи ҳавопаймо, техникаи ҳавопаймо ва иҷрокунандаи созӣ дирижёри оркестри ҳарбӣ-нафасӣ.

Ба таълиму тарбияи ҳарбии курсантҳо зиёда аз 60 нафар омӯзгорон машғул мебошанд, ки аксарияти онҳо соҳиби унвонҳои илмӣ ва хатмкардагони Академияҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Масъулини Донишкадаи ҳарбӣ инчунин пешбурди корҳои илмӣ, ҷустӯҷӯи ва навовариро ба роҳ мемонанд. Мақсади асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ ва ҷабҳаҳои гуногуни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Раванди таълим дар робита бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ ба роҳ монда мешавад. Дар як вақти кӯтоҳ дар Донишкада зиёда аз 25 китобҳои таълимӣ, 30 номгӯи китобҳои конфронсӣ бахшида ба мавзӯъҳои актуалӣ нашр гардидааст. Ногуфта намонад, ки соли 2008 Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа аз аттестатсияи давлатӣ ва соли 2012 аз акредитатсияи давлатӣ гузаронида шуд, ки соҳиби «Иҷозатнома» оид ба пешбурди раванди таълим дода шуд.

Бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол баҳри ободу зебо ва бо воситаҳои техникӣ таъмин гардидани ин муассисаи ягонаи таълимоти ҳарбӣ корҳои назаррас анҷом дода мешавад. Инчунин Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дорои маркази таълимии саҳроӣ буда, барои омӯзонидани ҳайати шахсӣ аз фанҳои тайёрии ҷангӣ, ноил шудан ба малакаи баланди саҳроӣ ва обутоби ҷисмонии ҳайати шахсӣ дар ҳолатҳои мураккаб (наздик ба шароити ҷангӣ) шароити заруриро фароҳам овардааст. Дар ин маркази таълимӣ барои гузаронидани машғулиятҳои саҳроӣ якчанд объектҳои таълимӣ сохта шудааст, ки ҳамаи онҳо барои таъмин намудани иҷроиши вазифаҳои тайёрии ҷангӣ мувофиқи талаботи барномаҳои тайёрии ҷангӣ ва барои ташаккул додани ҳолати рӯҳию равонии ҳайати шахсӣ лозим мебошад.

Бояд зикр кард, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 Филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд. Дар филиали Донишкадаи ҳарбӣ аз ихтисосҳои зерин афсарон пешбинӣ шудааст: таъминоти амволи шайъии ҷузъу томҳо, таъминоти амволи хӯрокаи ҷузъу томҳо, таъминоти комуналии ҷузъу томҳо, таъминоти таъмири яроқу техникаи ҷузъу томҳо, таъминоти равғанҳои молиданӣ ва сӯзишвории ҷузъу томҳо ва таъминоти хизмати алоқаи ҷузъу томҳо.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш