01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД АЗ ЧОРАБИНИҲОИ ДАЪВАТӢ 10 РӮЗ СИПАРӢ ГАРДИД
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АЗ ЧОРАБИНИҲОИ ДАЪВАТӢ 10 РӮЗ СИПАРӢ ГАРДИД

Барои маълумот хотиррасон мекунем, ки дар асоси Фармони Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», аз 1-уми октябри соли 2016 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид.

Дар давоми беш аз 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ 50 фоизро ташкил медиҳад. Дар байни вилоятҳо иҷрои нақша дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 82 фоиз буда, аллакай дар ин минтақа ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Рӯшон дар хусуси пурра ба анҷом расонидани нақшаи ба онҳо пешбинишуда гузориш доданд.

Аз рӯзи оғози чорабиниҳои даъватӣ то ин дам ноҳияҳои Кӯҳистони-Масчоҳ, Истиқлол, Спитамен ва Шаҳристони вилояти Суғд нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар дигар шаҳру навоҳии ин минтақа муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар вилояти Суғд ба 63 фоиз баробар мебошад.

Аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Носири Хусрав, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳин аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дода, иҷрои нақша дар қаламрави ин вилоят 47 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 38 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт бошад, он ба 28 фоиз баробар мебошад.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш