01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД НӮҲ МОҲИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ЧӢ НАТИҶА ДОД?
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НӮҲ МОҲИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ЧӢ НАТИҶА ДОД?

Бо мақсади натиҷагирӣ, аз бурду бохти ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва фаъолияти рӯзмарраи хизматчиёни ҳарбӣ, ҳафтаи равон, дар толори Вазорати мудофиаи кишвар, ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он тамоми самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷамъомаде, ки таҳти роҳбарии вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо доир гардид, нахуст ташкили хизмати дохилӣ ва бехатарии қӯшунҳо, таъминоти ақибгоҳии ҳайати шахсӣ, даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва дохилии вазорат вобаста ба таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва дар маҷмӯъ тамоми самтҳои фаъолияти ҷузъу томҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Оид ба масъалаҳои дар боло зикрёфта, муовинон ва мушовирони вазири мудофиа, сардорони чанде аз раёсатҳо, фармондеҳони навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар масъулини дахлдор ҳисобот доданд. Дар ин замина қайд карда шуд, ки барои пешгирӣ аз сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои ба қонуншиканиҳо мусоидаткунанда тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар ин муддат, дар фаъолияти баъзе аз масъулини қисмҳои ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ камбудиҳои ҳалталаб ба мушоҳида расида буданд, ки мушкилоти мавҷуда сари вақт бартараф карда шуд. Барои пешрафти кор дар фаъолияти сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайатҳои роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои тобеи навъи Қувваҳои Мусаллаҳ таклиф ва пешниҳодоти мушаххас баён карда шуд. Ба масоили даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ва қабулу ҷобаҷокунии онҳо дар қисмҳои ҳарбӣ низ мароқ зоҳир карда шуд. Дар ин замина вазири мудофиаи кишвар таъкид намуд, ки бо ҳар як наваскар сӯҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуда, нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир карда шавад.

Барои таълими курсҳои кӯтоҳмуддати наваскарӣ бошад, ба онҳо афсарони таҷрибадор вобаста гардад, то ҳар як сарбози ҷавони ба хизматомада аз рӯзҳои нахустини шомил шудани худ ба сафи ҷузъу томҳо таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷӯмҳурӣ, Вазорати мудофиа ва дигар ҳайатҳои роҳбарикунандаи сохторҳои низомиро дарк намояд ва софдилонаву содиқона ба Ватан хизмат кунад. Масоили вобаста ба вазъи номуътадили имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон низ зимни баромади намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар ин самт як қатор пешниҳодоти мушаххас дода шуд.

Дар охири ҷамъомад, бо мақсади ислоҳ намудану бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, тақвият бахшидани самтҳои таълиму тарбия, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, дар ҳолати омодабошии доимии ҷангӣ нигоҳ доштани техникаҳои ҳарбӣ ва вобаста ба дигар масъалаҳои дар ҷаласа муҳокимагардида, масъулини дахлдор дар муҳлатҳои муайян бо супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш