01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Рӯзи забон дар толори Вазорати мудофиа бо иштироки масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати шахсии афсарони ин ниҳоди қудратӣ ҷашн гирифта шуд.

Аввалан бо сухани ифтитоҳӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини аввали вазири мудофиа генерал-майор Собирзода Эмомалӣ ҳозирин ва меҳмононро бо ин рӯзи таърихӣ барои миллати тоҷик шодбош гуфта, аз рушду ташаккули пайваста ва аҳамияти таърихи забони халқи тоҷик дар солҳои аввал ёдовар шуд.

Дар вохурӣ ҳамчунин раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳарбону ба сухан баромада, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказӣ ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳро табрик намуда, хоҳони пойдории забони ноби тоҷикӣ дар ин кишвари зебоманзарамон намуд. Забони давлатӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми баруманди кишвар ва фарзандони содиқи халқамон ба даст омад.

Бинобар ин, моро лозим аст, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту Ваҳдат, сулҳи сартосарӣ дар кишвар ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – забони давлатиро чун гавҳараки чашм, ҳамеша пос дорем.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш