01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ОҒОЗИ ДАЪВАТИ НАВБАТИИ ҶАВОНОН БА САФИ АРТИШ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОҒОЗИ ДАЪВАТИ НАВБАТИИ ҶАВОНОН БА САФИ АРТИШ

Бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоџикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз якуми октябри соли 2016 дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид.

Аллакай дар нахуст рӯзи оғози ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлоли вилояти Суғд ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.

Умуман дар нахустин рӯзи ҷараёни чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ иҷрои нақша дар гарнизони Хоруғ 15%, дар вилояти Хатлон 11%, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ 8%, дар вилояти Суғд 3% ва дар чаҳор навоҳии пойтахт бошад, он ба 10% баробар мебошад. Умуман иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ ба 8 % баробар аст.

Бояд тазаккур дод, ки шумораи ҷавонони сину соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ дар мамлакат хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиа

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш