Home: News ДАРЁФТИ ҶОМИ ВАЗИР ДАР ГАРНИЗОНИ БАДАХШОН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today50
Week1992
This month6364
Only212958
Video

Forum

ДАРЁФТИ ҶОМИ ВАЗИР ДАР ГАРНИЗОНИ БАДАХШОН

Дар доираи ҳадафҳои солимгардонӣ ва нақша-чорабиниҳои варзишӣ дар гарнизони Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон дар байни дастаҳои варзишии қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорти мудофиаи мамлакат мусобиқа оид ба дарёфти Ҷоми вазири мудофиа доир гардид, ки дар он сарбозони варзишгари ҳар як қисми ҳарбӣ бо омодагии ҷиддӣ ва рӯҳияи болида ширкат варзиданд.

Мусобиқаи мазкур дар сатҳи зарурӣ ташкил карда шуда, он аз рӯйи 5 навъи маъмули варзиш, аз қабили гурзандозӣ, футбол, волейбол, ҷанги тан ба тан ва маҷмуи ҳарбӣ-варзишӣ ҷараён гирифта, ҷиҳати сабқати озодонаи сарбозон майдонҳои махсус омода шуда буд. Ҳар як сарбозе, ки дар мусобиқа иштирок дошт, кӯшиш мекард, ки ҳунару таҷриба ва бартарияти худро нишон дода, ҷойи намоёнро ишғол намояд ва шарафи ҳамсафону нуфузи қисми ҳарбии худро ҳифз намояд.

Онҳо дар баробари ширкату қувваозмоӣ дар ин гуна мусобиқаҳо бо ҳамсафони худ табодули таҷриба намуда, маҳорати худро такмил медоданд. Мақсад аз ташкилу роҳандозии ин гуна мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, ҳифзи сиҳатӣ ва обутоби ҷисмонии сарбозон баҳри сарбаландона ва бечунучаро ба ҷо овардани вазифаҳои хизматӣ буда, бо ин васила омодагии доимии онҳоро ба хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ нишон медиҳад.

Бояд гуфт, ки солҳои охир аз тарафи масъулини Вазорати мудофиа ба варзиш диққати хосса зоҳир шуда, майлу рағбати сарбозон низ ҷиҳати камолоти ҷисмонии худ ва иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ бештар гаштааст, ки инро метавон аз сатҳи баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ мушоҳида намуд. Бартарияту фаъолнокии сарбозони қисми низомии 01123-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа қариб дар ҳама навъҳои варзиши муайяншуда ба назар мерасид.

Дар охир доварони мусобиқа аз руйи ҳисоби маҷмуи холҳои даставӣ сарбозони қисми низомии 01123-ро ғолиби мусобиқа дониста, Ҷоми вазири мудофиаро ба онҳо тақдим намуданд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро бошад, варзишгарони қисмҳои ҳарбии 23441 ва 15426 ба даст оварда бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform