01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД РИСОЛАТИ СУЛҲҶӮЁНА-2016
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РИСОЛАТИ СУЛҲҶӮЁНА-2016

Дар доираи ҳадафҳои ягона аз 15 то 22 сентябри соли ҷорӣ дар Пойгоҳи ҳарбии «Эдвейлс»-и Ҷумҳурии Қирғизистон машқҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна-2016» доир гардид. Расми кушодашавии машқҳои муштараки мазкур бо садо додани суруди миллӣ ва афрохтани парчами ҳар як давлати аъзо шуруъ шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин тамринҳои муштараки низомӣ ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия ва Ҷумҳрии Тоҷикистон ширкат варзида, дар маҷмуъ наздик ба 2000 хизматчии ҳарбӣ, зиёда аз 300 техникаҳои вазнини низомӣ аз қабили мошинаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерия ва авиатсияи ҷангӣ ҷалб карда шуданд.

Мақсади асосии ташкилу роҳандозии машқҳои муштараки навбатӣ, ин пеш аз ҳама омодагӣ ва муборизаи ҳамаҷониба бар зидди се зуҳуроти номатлуби ҷаҳони имрӯза, ба монанди терроризм, экстремизм ва сепаратизм буда, аз Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзо, ҳамкориҳои пайвастаи ҳарбӣ ва робитаҳои зичро дар ин самт тақозо мекунад.

Пас аз гирифтани дастури фаврии Созмони Милали Муттаҳид оид ба хатари эҳтимолии бавуҷудомада, сардори гурӯҳи муттаҳидаи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳи ширкатдошта дар якҷоягӣ бо Ситоди фармондеҳӣ ба баррасии нақшаи ҳуҷум шуруъ намуда, ба ҳар як гурӯҳ вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, баҳодиҳӣ ба ҳолат ва вазифагузорӣ ҷиҳати иҷрои муваффақонаи ҳадафҳои дар пешбуда муайян карда шуд.

Ҳамин тариқ, пас аз тасдиқи нақшаи мудофиа ва дар ин замина гузаштан ба амалиёти зиддитеррористӣ онҳо мавқеи ҷойгиршавии худро ишғол намуданд. Машқҳои муштараки зиддитеррористӣ бо назардошти ҳудуди зиёди ҷуғрофии кӯҳсор дар Пойгоҳи «Эделвейс», ки дар минтақаи кӯҳӣ ҷойгир аст, гузаронида шуд ва аз ҳар як иштирокчии он тай намудани талу теппаҳои мушкилгузари кӯҳиро тақозо мекард, ки афсарону сарбозон иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташударо муваффақона сипарӣ намоянд.

Ҳадаф аз ташкилу роҳандозии чунин машқҳои муштараки ҳарбӣ хоҳони сулҳу оромии ҷаҳони муосир мебошад. Қобили зикр аст, ки аз замони ташкилёбии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ин гуна машқҳои муштарак бо ҷалби қувваю воситаҳои ҳозиразамони низомии кишварҳои аъзо ва роҳу усулҳои нави ташкили амалиётҳои якҷояи ҷангӣ дар минтақаи фарогирии ин Созмон бори чаҳорум ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон маротибаи аввал ба роҳ монда шудааст.

Дар охир як қатор иштирокчиёни фаъоли машқҳои муштараки «Рисолати сулҳҷӯёна-2016» бо медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуда, бо расми гузашти низомӣ ботантана ҷамбаст карда шуд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш