01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ҶАМЪОМАДИ МУШТАРАКИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАМЪОМАДИ МУШТАРАКИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Аз якуми октябри соли равон даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Ба ин муносибат дар Вазорати мудофиаи кишвар бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомади муштараки ҷумҳуриявӣ нахуст, фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат намудани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муайяншудаи хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба анҷом расонидаанд, мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд.

Дар ҷамъомад, муовини сарвазири мамлакат-раиси комисияи даъватии ҷумҳуриявӣ Азим Иброҳим, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, сарпрокурори ҳарбӣ, масъулини Вазорати тандурустӣ, маориф ва илми ҷумҳурӣ, намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат, муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру наҳияҳо, комиссарони ҳарбии ҷумҳурӣ ва дигар масъулини мақомоти давлатии даъват ширкат намуданд.

Иштирокчиёни ҷамъомад зимни баромади хеш даъвати солҳои пешинро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба монеаю мушкилоти, ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд. Аз ҷумла, дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки ҳамасола новобаста аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар пешравиҳои назаррас, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо як қатор мушкилиҳо аз қабили наомӯхтани шахсияти даъватшавандаҳо, дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ набудани баъзе аз шаҳрвандон, муоинаи нодурусти ташхиси тиббӣ, сари вақт ҳозир нагардидани ҷавонон ба комиссияҳои даъватӣ ва баъзе аз кирдорҳои коррупсионӣ ошкор гардидаанд, ки ин гуна ашхос аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуда, нисбати онҳо ҷазоҳои қонуниро татбиқ намудаанд.

Дар ҷамъомад ҳамзамон таъкид карда шуд, ки шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии қишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд. Дар охири ҷамъомади мазкур бо мақсади бартараф намудани камбудиву монеаҳои дар боло зикргардида, баҳри дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои минбаъдаи даъватӣ, иштирокчиёни ҷамъомад ва масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват бо супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.09.2016

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш