01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ ДАР ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ ДАР ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ

Ҳамасола рӯзи якуми соли нави хониш дар кишвар ҳамчун рӯзи дониш бо шукҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана ва қабули донишҷӯёни соли аввал дар Донишкадаи ҳаррбии Вазорати мудофиа низ бо омодагии хосаи ҳайати устодону донишҷуён чорабинии идона доир гардид, ки дар он вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо иштирок намуда, донишҷуёни ин муассисаи таълимиро бо оғози соли нави хониш табрику муборакбод намуд.

Ҳамчунин онҳоро ба донишомӯзиву аз худ намудани илмҳои замонавӣ даъват намуда, омодагии тактикию омӯзиши фанҳои умумиҳарбиро зарур шуморид. Пас аз бо тантана ҷамбаст намудани ҷамъомад устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илм аҳлона ҷамъ омада, дарси сулҳ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи шабакаҳои телевизионӣ мустақиман пахш карда шуд, тамошо намуданд.


Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи ҷавонон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир шуда, маърифатнок намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати маъорифпаваронаи ҳукумати мамлакат мебошад.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш