Ба аввал: Навид ТАҶЛИЛИ САНАИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз105
Дирӯз304
Моҳ4896
Ҳамагӣ184505
Наворҳо

Форум

ТАҶЛИЛИ САНАИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ ва арҷгузорӣ ба соҳибихтиёрию давлатдории навини тоҷикон дар маҷлисгоҳи Вазорати мудофиаи мамлакат бо иштироки ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва собиқадорони ин ниҳоди қудратӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомади бошукӯҳи идона доир гардид.

Чун анъана бо садо додани суруди миллӣ чорабинӣ оғоз гардид. Вазири мудофиаи мамлакат генерал-лейтенант Шерали Мирзо хизматчиёни ҳарбиро ба муносибати таҷлил аз 25-умин солгарди ҷашни бузурги миллат Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуда, зикр намуд, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳадафҳои стротегии мамлакат, ки рушди устувор ва субботу оромии кишвар аз он вобаста аст, мустақилона муайян карда шуд.

Дар ҳамин замина сафи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ низ мукаммал гардида, бо техникаву муҳимоти зарурии ҳарбӣ пурра гардонида шудааст. Аз ин лиҳоз, бо назардошти авзои ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан вазъи феълии мамлакатҳои шарқи наздик ва кишварҳои ҳамсоя мо бояд тамоми кӯшишамонро баҳри ҳифзи ягонагӣ, тақвияти иқтидори давлат ва зиндагии шоистаи ҷомеаи кишвар равона созем.

Ҳамзамон, дар рафти ин чорабинӣ собиқадорону афсарон низ суханронӣ намуда, Истиқлолиятро дастоварди беназири таърихамон дониста, ҳавасмандии худро ҷиҳати содиқона ба ҷо овардани вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбӣ иброз доштанд. Вобаста ба саҳми бонувон дар ҳаёти сиёсии кишвар дар даврони соҳибитиқлолӣ махсусан афзудани хизматчиёни ҳарбӣ аз ҳисоби занон дар сафи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ низ зикр карда шуд.

Дар охир як қатор афсарон бо назардошти саҳмгузорӣ дар рушду такомули Қувваҳои Мусаллаҳ ва сарбаландона ба ҷо овардани вазифаҳои хизматӣ аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ ва тибқи фармони вазири мудофиаи мамлакат бо ордену медалҳои ҷашнӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо