01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ИСТИҚЛОЛИЯТ ШАРАФИ БУЗУРГ!
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИСТИҚЛОЛИЯТ ШАРАФИ БУЗУРГ!

25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамаи қисму воҳидҳои низомӣ ва сохтору мақомоти идории Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон химатчиёни ҳарбӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд .

Ба ин муносибат, дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷуҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид, ки зимни он масъулин бо маърӯзаҳои табрикотӣ суханронӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа ҳамасола барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҷавонони зиёдеро соҳибкасб гардонида, барои мудофиаи Ватан равона месозад.

Ин аст, ки зимни ин чорабинии идона доир ба масоили ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва омодагии доимӣ ба муҳофизати он, изҳори назар карда шуд.

Дар ин замина қайд гардид, ки бо ҷалби ҳайати шахсӣ пайваста вохӯриву мулоқотҳои собиқадорони ҷангу меҳнат ташкилу ба роҳ монда мешавад. Дар интиҳои ҷамъомад ба афтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, чанде аз хзматчиёни ҳарбии ташкилот бо медалу ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамин гуна чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қисму воҳидҳои Вазорати мудофиа бо тантана ҷашн гирифта шуд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш