01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ДИЛШОД НАЗАРОВ ДАР ҲУЗУРИ ҲАМСАФОНИ ПАДАР
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДИЛШОД НАЗАРОВ ДАР ҲУЗУРИ ҲАМСАФОНИ ПАДАР

Имрӯз бо даъвати ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии афсарону сарбозони ин ниҳоди қудратии кишвар бо қаҳрамони бозиҳои 31 уми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-Де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров доир гардид. Дар мулоқот бо гурзандози маъруфи тоҷик қаҳрамони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии вазорат, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва варзишгарони Клуби марказии варзиши Артиши Вазорати мудофиа иштирок доштанд.

Афсарону сарбозони муҳофизи Ватан қаҳрамони варзишии худро дар риштаи мусобиқаи гурзпартоӣ бо як самимяти хоса, муҳаббат ба ин Ватану ҳар як фарди ҳудогоҳи он пешвоз гирифта, қаҳрамонии ӯро беҳтарин тӯҳфа дар арафаи ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд. Қабл аз оғози сӯҳбату мулоқот бо ин варзишгари маъруфи миллат ҳайати низомиёни дар толор буда, аз дастовардҳои варзишии фарзанди диловари Ватан, ки намунаи барҷастаи қаҳрамониву шуҷоат ба халқу ин сарзамин маҳсуб меёбад, ёдоварӣ карда, бо изҳори назар нисбат ба медали тиллои олимпии ӯ қайд карданд, ки ин дастоварди беназир барои тамоми Тоҷикистониён, аз ҷумла афсарону сарбозони Артиши миллии кишвар мебошад.

Албатта, ин ҳама шодиву сурур ва тантанаҳои идонаи низомиёни мамлакат дар арафаи ҷашни бузурги миллат, Истиқлолияти давлатӣ, агар аз як тараф дастоварди олии варзишии ӯ ба ҳисоб равад, аз ҷониби дигар ин дар оилаи хизматчии ҳарбӣ тарбия ёфтани Дилшод маҳсуб меёбад. Бояд тазаккур дод, ки Дилошод Назаров 6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе дар оилаи шахси низомӣ афсари Вазорати мудофиа Ҷамолиддин Назаров ба дунё омада, нахуст сабақи варзишии худро аз падар гирифтааст, ки ба қавли Дилшод зимни ширкат ва ғолибият дар бозиҳоии олимпӣ акс ёфтани расми падар дар либоси варзишии ӯ бузургӣ ва намунаи хизмат дар ин роҳ мебошад.

Зимни сӯҳбату вохӯрӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ, пеш аз ҳама ҳамхизматони падари худ қаҳрамони варзиши муосири тоҷик эҳсосоти худро замони ширкат дар бозиҳои олимпӣ ба хотир оварда, инро беҳтарин комёбӣ дар ҳаёти худ ва муаррифии давлату миллат арзёбӣ карда, бо ифтихор изҳор дошт, ки ин ғалабаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст.

Дар охир, вобаста ба қадрдонии хизматҳои Дилшод Назаров дар соҳаи вариши ҷумҳурӣ ва ғолиб омадан дар бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро роҳбарияти Вазорати мудофиа қаҳрамони олимпии худро бо медали «Барои таҳкими иттиҳоди ҳарбӣ» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.

Дастгоҳи вазири мудофиа

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш