Ба аввал: Навид ДАРЁФТИ ҶОМИ ВАЗИРИ МУДОФИА МИЁНИ НАВРАСОН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз106
Дирӯз304
Моҳ4897
Ҳамагӣ184506
Наворҳо

Форум

ДАРЁФТИ ҶОМИ ВАЗИРИ МУДОФИА МИЁНИ НАВРАСОН

Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва бо мақсади дарёфти Ҷоми вазири мудофиа аз 16-ум то 26-уми августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа мусобиқа аз намуди футбол миёни наврасони КМВА, Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ва муҳассилини мактабҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Душанбе ҷараён гирифт.

Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон аз 10 даста байни ҳам сабқат намуданд. Ташкили пайвастаи чунин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз як тараф ба рушду нумӯи риштаи варзиш дар байни наврасон мусоидат намояд, аз ҷониби дигар дӯстиву ҳамгироиро миёни варзишгарон боз ҳам дучанд мегардонад.

Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи ин бозии дӯстона бо ҳисоби даставӣ ҷои аввал насиби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дониста шуда, ҷойҳои ифтихории дуюму сеюмро бошад, дастаҳои варзишии Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа ва Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардиданд.

Барои иштироки фаъолона, саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи ин навъи варзиш ва ишғоли ҷойҳои намунавӣ ғолибон аз ҷониби масъулини Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа дар фазои идона бо Ҷоми вазири мудофиа, медалу ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо