01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД РЕЙДИ МУШТАРАК ЧӢ НАТИҶА ДОД?
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РЕЙДИ МУШТАРАК ЧӢ НАТИҶА ДОД?

Танзими ҳаракати нақлиёти автомобилии ҳарбӣ ва риоя намудани қоидаи ҳаракат дар роҳҳои кишвар ҳамеша мади назари кормандони Бозрасии марказии ҳарбии автомобилӣ буда, дуруст ба бар намудани сару либоси ҳарбӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ пайваста аз тарафи патрулони доимомалкунанда назорат карда мешавад. Дар натиҷаи рейди муштараки Прокуратураи ҳарбӣ бо Бозрасии марказии ҳарбии автомобилӣ ва патрулони доимамалкунандаи Полки таъминотӣ ва идоракунӣ дар гарнизони Хатлон як қатор қонуншиканҳо аз ҷониби ронандаҳои нақлиёти ҳарбии ин гарнизон дар самти риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ, ба итмом расидани муҳлати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи автомобилҳои ҳарбӣ, ҷой доштани норасоӣ дар ҳуxҷатҳои зарурии автомобилҳои ҳарбӣ ва ба манфиати шахсӣ истифода бурдани автомобилҳои хизматӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати чанд нафари онҳо протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти дахлдор равона карда шуданд.

Ҳамчунин, зимни назорат дар кӯчаву хиёбонҳои ин гарнизон аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ беэътиноӣ нисбат ба пӯшидани дурусти сару либоси ҳарбӣ низ ба назар мерасид. Маълум карда шуд, ки баъзе афсарону сарбозон ҳангоми берун аз қисми ҳарбӣ қарор доштан, либоси ҳарбиро мувофиқ ба меъёри муайяннамудаи оинномаҳои ҳарбӣ ба бар накарда, масълияту шарафи низомии худро фаромӯш менамоянд.

Ба номи пуршарафи афсару сарбоз ва пешаи пуршарафи низомӣ иснод оварда, нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳро коста менамоянд. Ҳолате ҳам ба назар расид, ки хизмачиёни ҳарбӣ бо дидани нозирони Бозрасии марказии ҳарбии автомобилӣ ва патрулҳои доимамалкунанда ба ишораи онҳо итоат накарда, самти ҳаракати худро идома доданд.

Дар ҳоле, ки онхо худ ҳамчун хизматчии ҳарбӣ ҳимоятгари манфиатҳои давлату миллат буда, бо рафтори шоиста дар назди ҷомеа бояд намунаи ибрат бошанд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш