01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ҲОМИЁНИ ФАЗОИ КИШВАР
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲОМИЁНИ ФАЗОИ КИШВАР

Бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ дар майдони сафороии қисми ҳарбии 07033 Вазорати мудофиа чорабинии идона доир гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорати дифои кишвар ва афсарону сарбозони ин навъи қӯшун иштирок доштанд. Чорабинии мазкур бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас бо сухани табрикотӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини аввали вазири мудофиа генерал-майор Собирзода Эмомалӣ ҳозиринро ба иди касбиашон муборакбод намуд.

Мавсуф зимни суханрониаш доир ба дастовардҳои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ дар замони Истиқлолият суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки хизматҳои ҳайати шахсии ин навъи қӯшун дар бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ хело бузург аст. Ҳайати шахсии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ тавассути чархболу тайёраҳои низомӣ дар ҳамаи амалиётҳои зиддитеррористӣ, машқҳои низомӣ ва баргардонидани гурезагон ба Ватан саҳми арзанда доранд. Дар ин муддати начандон тулонӣ, ҳавонавардони низомӣ ҳазорҳо парвозҳо анҷом додаву вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона иҷро намудаанд.

 

Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки ҳомиёни фазои кишвар баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар ҳамеша омодаанд. Ҳамчунин, фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ генерел-майор Сафарализода Раҳмоналӣ, намояндаи Шӯрои собиқадорони Вазорати мудофиа ва дигарон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, аз комёбиву дастовардҳои қӯшунҳои мазкур дар тули 23 соли фаъолияти таъсисёбиашон ёдоварӣ намуда, онҳоро ба ин санаи таърихӣ табрик намуданд.

Беҳтаринҳо бо фармони вазири мудофиа ва фармондеҳи ин навъи қӯшун бо мукофоту ифтихорномаҳо ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуда, ба унвонии падару модарони сарбозони беҳтарин мактубҳои миннатдорӣ ирсол карда шуд. Сипас, аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбии 07033 машқҳои низомии тан ба тан нишон дода шуд, ки ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид. Дар анҷом ансамбли “Шараф”-и Вазорати мудофиа бо барномаи рангини худ хотири иштирокчиёни чорабиниро шод гардонид.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш