01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ҲУҶРАИ ДИДОРБИНӢ ВА ШАҲРАКИ ҚАРАВУЛӢ ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 15018
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ҲУҶРАИ ДИДОРБИНӢ ВА ШАҲРАКИ ҚАРАВУЛӢ ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 15018

Дар доираи ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар борабари бунёду азнавсозии қисму воҳидҳои низомӣ ва дигар иншоотҳои муҳими соҳа, инчунин дар назди қисмҳои ҳарбӣ ҳуҷраҳои алоҳидаи дидорбинии волидону пайвандони сарбозон низ бо тамоми шароити муосири хизматрасонӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Вобаста ба ҷараёни ин қабил корҳои сохтмонӣ дар Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тазаккур дод, ки бунёди хонаҳои истироҳатии аёдати сарбозон дар ҳамаи ҷузъу томҳо ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби сохтмончиёни ин ниҳоди қудратии кишвар бо маром идома доранд, ки ба қавли масъулин чунин корҳо аллакай дар бисёре аз қисму воҳидҳои низомӣ пурра ба анҷом расонида шудааст. Ҳафтаи равон дар доираи омодагиҳо ба муносибати таҷлил аз 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҳуҷраи дидорбинӣ ва як шаҳраки қаравулии ҳарбӣ дар қисми ҳарбии 15018 аз ҷониби вазири мудофиа генерал- лейтенант Шерали Мирзо мавриди истифода қарор дода шуд.

Вазири мудофиаи мамлакат ва ҳайати ҳамроҳони ӯ аз сатҳу сифати корҳои сохтмонии баанҷомрасида дар ин қисми ҳарбӣ ва ҳамзамон аз рафти хизмати ҳайати шахсӣ дидан ба амал оварда, мақсад аз бунёди чунин иншооти замонавии маишиву хизматрасониро мустаҳкам намудани равобиту ҳамкории низомиёни кишвар бо аҳли ҷомеа ва пеш аз ҳама, аъзоёни оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ арзёбӣ намуданд.

Зимни мулоқот бо ҳайати афсарону сарбозони ин воҳиди низомӣ таъкид карда шуд, ки бояд ҳар як хизматчии ҳарбӣ бо нерӯи тоза, дилу нияти пок ва дасту бозӯи қавӣ ба ин сарзамини аҷдодӣ хизмат намуда, дар таҳкими Истиқлоияти давлатӣ ва арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои он саҳмгузор бошанд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш