Ба аввал: Навид ФИШУРДАИ МАТБУОТӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз105
Дирӯз304
Моҳ4896
Ҳамагӣ184505
Наворҳо

Форум

ФИШУРДАИ МАТБУОТӢ

Аз 30-юми июл то 13-уми августи соли 2016 дар ҳудуди Федератсияи Россия, дар машқгоҳи «Алабино» Чемпионати ҷаҳон оид ба биатлони танкӣ (танковый биатлон) таҳти унвони Мусобиқаи умумиҳарбӣ-2016 («АРМИ-2016») баргузор мегардад, ки дар он дастаҳо аз Қувваҳои Мусаллаҳи 20 давлат иштирок менамоянд. Бори дуюм аст, ки дар ин мусобиқаи умумиҳарбии байналмиллалӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд ва дастаҳои ширкаткунанда 4 экипажи танкӣ ва як гуруҳи таъиноти техникиро ташкил медиҳанд.

Роҳбарии дастаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур муовини фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард оид ба силоҳ ва техникаи ҳарбӣ полковник Маҳмадалӣ Ашӯров бар ӯҳда дорад.

Қабл аз мусобиқаи биатлони танкӣ миёни дастаҳои иштироккунанда қуррапартоӣ доир гардида, дар натиҷа рангҳои танкҳои дастаҳои ширкаткунанда ва навбати онҳо муайян карда мешаванд.

Мувофиқи нишондоди қуррапартоӣ дастаҳо дар навбати худ байни ҳам сабқат хоҳанд кард. Мавриди зикр аст, ки баромади дастаҳо дар се марҳила – мусобиқаи индевидуалӣ, даври нимфиналӣ ва даври финалӣ ҷараён мегирад.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо