01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД МАҶМӮИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-ТАКТИКӢ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶМӮИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-ТАКТИКӢ

Аз 26 то 30 июли соли 2016 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи муштараки маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои мудофиаи худудии кишвар дар вилояти Суғд, бо ҷалби мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористии «Ҳифз-2016» бо тирпарронии ҷангӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 30 ҳазор нафар чалб гардида буданд.

Мувофиқи нақшаи баргузории тамринҳои васеи низомӣ субҳи барвақти рӯзи 26-уми июли соли равон тамоми ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, бо бонги хатари ҷангӣ бардошта шуда, баъд аз омодагии ҳамаҷониба ва санҷиши ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии машқҳо аз нуқтаҳои истиқрорӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ сафарбар карда шуданд. Вобаста ба сатҳи ташкил ва ҷараёни баргузории машқҳо дар марҳилаи якум, ки он рӯз машқгоҳҳои низомии “Чоруқ-дарон”-у “Нурафшон” низ ба майдони шартии ҷанг табдил ёфта, дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ ва дигар мавзеъҳое, ки эхтимолияти тахдиди хатар вучуд доранд, тавассути чархболҳои ҳарбиву нақлиётӣ, десанти фазои тактикӣ ва дигар ҷузъу томҳои таъиноти махсус фуруд оварда шуданд. Дар доираи ин хадафхо ва дар раванди мубориза алайхи хамагуна зӯровариву хатархои эхтимолии террористиву экстремистӣ, тамоми кувваву воситахои мухталифи ҷангӣ ва хайати шахсии иштирокчиён дар нахустрӯзи баргузории чорабинӣ бо омодагии харбиву чисмонӣ ва масъулияти баланди шахрвандӣ ба машкҳо чалб гардида буданд.

Дар ин рӯзҳо бо максади пурра дар амал татбиқ намудани матлаби маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ дар бинои Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд аз ҳисоби гурӯҳҳои амалиётӣ ва роҳбарону масъулини мақомоти давлативу қудратии ин гарнизон Ситоди муттаҳидаи муштараки идории қӯшунҳо таъсис ёфта, ҷараёни тамоми марҳилаҳои он таҳти назорат қарор гирифта буд. Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур дар 4 марҳила дар ҳудуди вилояти Суғд ва дар машқгоҳҳои низомии “Чоруқ-дарон”-у “Нурафшон” ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифта, дар ҳар як ноҳия захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣбуда, техникаҳои хочагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои баргузории ҳама даври машқҳо зарур буданд, истифода гардиданд.

Ҳамчунин бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ «Оид ба тасдиқ ва дар амал татбиқ намудани нақшаи мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ, дар ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ раисони 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва масъулини тамоми сохторҳои қудратии ин минтақа ширкат намуда, ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирпаронӣ аз техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангиву силоҳу муҳиммоти сабуки ҳарбӣ ва ба омӯзиши дигар масоиле, ки ба нақшаи гузаронидани ҷамъомади мазкур иртибот доштанд, ҷалб гардида буданд. Дар маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Суғд, аслиҳаи мухталифи оташфишон, авиатсияи ҷангӣ ва зиёда аз 100 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва автомобилӣ истифода карда шуданд.

Рафти баргузории амалиёти сохтору мақомоти ба машқҳо ҷалбгардида ва омӯзиши мавзӯъҳои ба он пешбинишуда, чӣ дар Ситоди муттаҳида ва чӣ дар машқгоҳу минтақаҳои муайяншудаи муҳофизатӣ, таҳти назорати қатъии вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо ҷараён гирифт. Маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар минтакахои алоҳидаи вилояти Сугд, таҳти роҳбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён гирифта, ҳадафи баргузории он, пеш аз ҳама сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти дастаҳои амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.

Марҳилаи чорум, ки даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки ҳарбиро дар бар мегирифт, дар машқгоҳи низомии “Чоруқ-дарон” ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуд. Барои назорат аз болои тамринҳои муштараки низомӣ вазири мудофиаи мамлакат, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд. Дар ин марҳила, ҷузъу томҳои баталиони тактикӣ, техникаҳои мухталифи зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, чархболҳои ҳарбиву нақлиётии МИ-8 ва МИ-24, автомашинаҳои хурду калони кӯҳгард ва дигар силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз тамоми сохторҳои қудратии минтақа истифода гардиданд. Зимни натиҷагирии машқҳо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шерали Мирзо дар назди ҳайати шахсӣ ва намояндагони сершумори ВАО баромад намуда, доир ба таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар баҳри таъмини амнияти давлату миллат, ҳадафу моҳияти баргузории машқҳо ва зуҳури хатарҳои ҷаҳони муосир ибрози андеша кард. Ба иштирокчиёни фаъоли тамринҳои муштараки низомӣ медалу ифтихорномаҳо, рутбаҳои харбии навбатӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Расми гузашти низомии афсарону сарбозон ва умуман ҳайати шахсии дар машқҳо ширкатнамуда аз назди минбар ва ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ, яке аз ороишҳои асосӣ ва анҷомбахши марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки ҳарбӣ дар гарнизони Суғд гардид. Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоџикистон

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш