01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД АФСАРОНИ КАСБӢ-МАҲАКИ АСОСИИ АРТИШ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АФСАРОНИ КАСБӢ-МАҲАКИ АСОСИИ АРТИШ

Чанде пештар ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи наздик ба 200 нафараи афсарони ҷавон зам шуд. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар 22-юмин хатмкунандагони худро ба кори мустақилонаи ҳарбӣ ба сафҳои Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат гусел намуд.

Маросими бошукуҳи идона, ба муносибати хатми навбатии донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ чун оини доимии низомиён баъд аз садои суруди миллӣ шуруъ гардид. Бо амри масъули донишкада ҳайати хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ба маркази майдони баргузории чорабинӣ бароварда шуда, аз тарафи вазири мудофиа ва дигар афсарону устодони ин боргоҳи таълимӣ ба онҳо дипломи хатм супорида шуд. Қобили зикр аст, ки таҳсил дар Донишкадаи ҳарбӣ чор солро дар бар гирифта, он ба таври ройгон сурат мегирад.

Донишкадаи ҳарбӣ ягона муассисаи олии таълимии ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ аст, ки аз рӯи 15 ихтисоси низомӣ барои тамоми сохторҳои қудратии мамлакат мутахассисони соҳибмаълумотро омода менамояд. Соли 2004-ум дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбӣ факултаи авиатсионӣ кушода шуд, ки аллакай онро наздики 300 нафар ҳавонавардони ҳарбӣ ва мутахассисони низомии ин соҳа хатм карда, айни ҳол дар ҳайати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат менамоянд.

Илова бар ин маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ соли 2014 як бинои муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳои муосири таълимӣ ва ҳам маишиву фароғатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои зиёд намудани теъдоди муҳассилин дар ин донишкада тадбирҳои зиёде низ амалӣ карда шуданд. Вобаста ба бунёду таъмини шароитҳои ҳозиразамони хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ, заминаҳои хуби моддиву техникии ба талаботу меъёри ҳарбӣ ҷавобгӯ ва умуман бобати таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба низомиён вазири мудофиаи кишвар Шерали Мирзо зимни баромади хеш ибрози андеша карда, маросими хатми донишҷӯёнро дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти онҳо фаромӯшнопазир арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз тарафи Оркестри ҳарби-нафасии Донишкадаи ҳарбӣ дар назди ҳозирин платс-консерт ё худ ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби як ротаи таъйиноти махсуси Донишкадаи мазкур ҳимояи хеш дар задухӯрдҳои тан ба тан низ бо маҳорати баланди касбӣ иҷро гардид. Расми гузашти ҳарбии хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ яке аз ороишҳои асосӣ ва анҷомбахши ин маросими бошукӯҳи идона гардид.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш