01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД БАРНОМАИ КОНСЕРТИИ АНСАМБЛИ «ШАРАФ» БАХШИДА БА 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР «БОҒИ ИРАМ»
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРНОМАИ КОНСЕРТИИ АНСАМБЛИ «ШАРАФ» БАХШИДА БА 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР «БОҒИ ИРАМ»

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ташкилу роҳандозӣ намудани ҷамъомаду чорабиниҳо бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.

Ин навбат, ансамбли «Шараф»-и Вазорати мудофиаи мамлакат барномаи рангини консертии худро бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруду таронаҳои ҷолиб пешкаши сокинону меҳмонони шаҳр намуд, ки дар он намояндагони Вазорати мудофиа ва шумораи зиёди сокинони пойтахт иштирок намуданд.

Намоиши театрикунонидаи ансамбли мазкур дар сатҳи баланди касбӣ омода шуда, шеъру оҳангҳои сурудашуда бошанд, аз завқи баланди эҷодии аҳли ҳунарии ансамбл гувоҳӣ медод. Ҳар як суруду таронаи садо додашуда, тараннумгари ватандорию осоиштагӣ, соҳибистиқлолию ифтихор аз фарҳангу таърих ва зебоиҳои табиати кишвар буд Тамошобинону иштирокчиёни ҷамъомада аз ташкилу роҳандозӣ намудани чунин намоишҳои фарҳангӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ истиқбол карда, иқдоми ҳукумати мамлакат ва масъулини соҳаро қобили дастгирӣ арзёбӣ намуданд.

Хамчунин дар ин рӯз дар гӯшаи дигари ин боғ ёдгориҳои таърихӣ ва намунаҳои анъанаҳои миллӣ, ки аз таърихи кӯҳанбунёду пурғановати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад, ба намоиш гузошта шуда буд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш