01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ФАЪОЛИЯТИ ФАРОҒАТГОҲИ «БАҲОР»
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАЪОЛИЯТИ ФАРОҒАТГОҲИ «БАҲОР»

Солҳои охир аз ҷониби Давлату Ҳукумат ва мақомоти алоҳидаи кишвар ба кӯдакону наврасон ҳамчун як бахши ояндаи ҷомеа диққати хосса зоҳир карда мешавад.

Вазорати мудофиаи мамлакат низ бо назардошти ин ҳадафҳо дар баробари дастгирию қадрдонии афсарон ҳамасола фарзандони онҳоро дар фасли тобистон, ки дар кишвар айёми таътил аст, ба истироҳатгоҳҳои кӯдакона, аз ҷумла ба фароғатгоҳи «Баҳор», ки дар назди ин ниҳоди қудратӣ амал мекунад, ҷалб менамояд.

Наврасон рӯзи авали истироҳатии худро дар бо барномаҳои рақсу суруд ва намоишҳои кӯдаконаи омоданамудаи хеш оғоз намуданд. Онҳо бо иҷрои ҳаргуна намоиш ва амалҳои шӯхи кӯдакона хотири ҳозирин ва ҳамсолонашонро шод гардониданд, ки аз чеҳраи ҳар як наврас болидарӯҳию хушнудиро эҳсос кардан мумкин буд.

Ҳамчунин баҳри шодию хурсандии онҳо аз ҷониби як гуруҳ сарбозон амалҳои хосаи ҳарбӣ, ки баёнгари ҷасорату далерӣ мебошад, намоиш дода шуд. Бояд гуфт, ки дар фароғатгоҳи «Баҳор» тамоми шароити зарӯрӣ, аз қабили ошхона, хобгоҳи замонавӣ ва ҳуҷраҳои гуногуни фароғатӣ барои истироҳату фароғати наврасон муҳайё карда шуда, ҳавзи шиноварию майдончаҳои варзишӣ ва дарахтони сабзу хуррами боғи истироҳатгоҳ бошад, имкон медиҳад, ки кӯдакон дар давоми рӯз бо истифода аз онҳо талаботи маънавию ҷисмонии худро қонеъ гардонанд.

Тавре, масъулини истироҳатгоҳи «Баҳор» иттилоъ доданд, дар давоми истироҳати хеш фарзандону пайвандони хизматчиёни ҳарбӣ бо роҳбарии шахсони масъул аз манзараҳои зебову дилкаш ва табиати рангини ин минтақаи кӯҳсори кишвар низ дидан менамоянд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш