01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗ ДАР САРПУРОКУРАТУРА
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗ ДАР САРПУРОКУРАТУРА

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангзозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарпрокуратураи ҳарбии мамлакат бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони масъули вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид, ки дар кори он масъалаҳои ҳолати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба ҳифзи сарҳад мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни он қайд карда шуд, ки мақомоти дахлдор ваколатҳои ба зиммадоштаашонро оид ба масъалаҳои иҷрои талаботи қонунҳо ва оинномаҳои ҳарбию сарҳадӣ дар мавриди ҳимоя ва ҳифзи сарҳадоти давлатӣ иҷро намуда, ҳамкорию ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Тазаккур дода шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сатҳи таъминоти моддию техникии хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ куллан тағйир ёфта, ҳифз ва таъмини амнияти кишвар аз ҷониби онҳо бо тамоми имкониятҳои муосири назоратӣ ва техникаву лавозимоти ҷангӣ ниҳоят хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар рафти машварати корӣ маълум гардид, ки дар самти ҳимояи сарҳади давлатӣ то ҳанӯз баъзе камбудиҳою қонунвайронкуниҳо ҷой доранд, бинобар ин роҳбарону масъулини вазорату идораҳои дахлдор уҳдадор гардиданд, ки иҷрои ҳаматарафаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии зикршударо таъмин намуда, баҳри бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешанд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш