01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ҶАЛАСАИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Дар ҷаласаи навбатии роҳбарони низомии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай вазирони мудофиаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия ва муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон ширкат намуданд.

Дар ҷаласа вазирони мудофиа масоили умдаи густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ҳарбиро баррасӣ намуда, оид ба натиҷаҳои он қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Иштирокчиёни ҷаласа, инчунин бобати нақшаи ҳамкорӣ дар ҳалли масоили марбут ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, роҳҳои имконпазири ҳамкориҳои низомӣ ва густариши муносибатҳои самарабахши ҳарбӣ-техникиро дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доранд. Диққати асосӣ баҳри беҳтар намудани табодули иттилооту таҷриба, ташкили машқҳои васеи низомӣ ва дигар масоили ҳамкориҳои ҳарбӣ равона карда шуд.

Дар ин замина тайёрии ҳамаҷониба ба ташкилу баргузории машқҳои муштараки зиддитеррористии Ситодӣ-фармондеҳӣ, ки он дар мубориза алайҳи се зуҳуроти номатлуб, терроризм, экстремизм ва сепаратизм нигаронида шуда, таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна-2016» ҷараён мегирад, мароқ зоҳир карда шуд.Дар идомаи ҷаласа вазирони мудофиа бо назардошти доман паҳн кардани таҳдиди хатарҳои террористиву экстремистӣ ва ифротгароӣ ба масоили таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба баҳри муътадил нигоҳ доштану таъмин намудани амнияти минтақавию ҷаҳонӣ назари ягона зоҳир намуда, бобати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамоҳангии доимӣ баҳри пойдории сулҳу субот, омодагӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва оид ба дигар масъалаҳои амниятӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар охир вобаста ба масъалаҳои баррасигардида ва умуман натиҷаҳои кори ҷаласа роҳбарони вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай изҳороти муштаракро ба имзо расониданд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш