Ба аввал: Навид ҶАМОМАДИ АМАЛИЁТӢ САФАРБАРӢ БО ҶАЛБИ САРДОРОНИ СИТОД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз104
Дирӯз304
Моҳ4895
Ҳамагӣ184504
Наворҳо

Форум

ҶАМОМАДИ АМАЛИЁТӢ САФАРБАРӢ БО ҶАЛБИ САРДОРОНИ СИТОД

Бо мақсади такмилу тақвият бахшидани донишҳои назариявию амалии афсарон дар пойгоҳи қисми ҳарбии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ҷамъомади амалиётӣ- сафарбарӣ бо иштироки сардорони ситод, муовинон оид ба ҳайати қӯшун ва бехатарии хизмати ҳарбӣ ва сардорони шуъбаю зершуъбаҳои амалиётӣ ва сафарбарӣ гузаронида шуд.

Ҷамомади мазкур дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ду рӯзро дар бар гирифт, ки ба иштирокдорони ҷамомад аз ҷониби афсарони масъули Вазорати мудофиа дарсҳои тайёрии амалиётӣ ва сафарбарӣ, хадамоти қӯшун ва бехатарии хизмати ҳарбӣ, тарзу воситаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, қоидаҳои кор бо харита, истифодаи оқилонаи воситаҳои алоқа ва технологияи иттилоотӣ ва тайёрии ҷангӣ омӯзонида шуд.

Бояд гуфт, ки фароҳам овардани шароити мусоид ҷихати гузаронидани дарсҳо аз ҷониби сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва роҳбарияти Дошишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ба иштирокчиёни ҷамомад бо лавозимоти зарурии дарсгузаронӣ ва сифхонаҳо мутобиқ ба меъёри таълим таъмин карда шудаанд.

Инчунин зимни омӯзиши машғулиятҳо ҳайати шахсӣ маълумоти муфидии соҳавию касбӣ гирифта, баҳри дар амал тадбиқ намудани он дар фаъолияти худ омодагӣ мегирифтанд. Ҳадаф аз ташкилу гузаронидани ин ҷамъомад аз як тараф тақвият додани донишу маҳорат ва малакаи афсарон аз ҷиҳати назариявӣ бошад, аз ҷониби дигар қобиляти ҷисмонии афсарон ҳангоми иҷро намудани амалҳои гуногуни варзишӣ, ки дар маҷмӯъ барои адои сарбаландонаи хизмати ҳарбӣ, ӯҳдадориҳои муайяншуда, омодагии баланди ҷангӣ ва беҳдошти обутоби ҷисмонии афсарон мусоидат мекунад.

Ин гуна машғулиятҳои таълимӣ тибқи нақша чорабиниҳо бо ташаббуси Вазорати мудофиа давоми ҳар сол гузаронида мешавад, ки дар инкишоф додани донишҳои назариявию амалии иштирокчиёни он таъсири муфид мерасонад. Ҳангоми натиҷагирӣ аз машғулиятҳои мазкур иштирокдорони ҷаъомад аз донишҳои андухтаи худ бо ба ҷо овардани давидан ба масофаи муайяншуда ва иҷро намудани дигар амалҳои варзишӣ санҷиш супориданд.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо