01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД НАТИҶАҲОИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ХАРБӢ МАВРИДИ БАРРАСӢ ҚАРОР ГИРИФТ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НАТИҶАҲОИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ХАРБӢ МАВРИДИ БАРРАСӢ ҚАРОР ГИРИФТ

Ҷамъомаде, ки таҳти роҳбарии вазири мудофиаи кишвар Шерали Мирзо ва бо иштироки ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии мамлакат доир гардид, натиҷаҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи ҷинояту риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, хулосаи санҷиши аттестатсионии кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои соҳавӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирокчиёни ҷамъомад зимни баромади худ, вобаста ба амру супоришҳо ва фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ташкилу баргузории чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ мансубанд, сухан гуфта, ин маъракаи муҳими сиёсиро дар моҳҳои апрел ва майи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва вобаста ба монеаю мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки тибқи таҳлилҳо тайи чанд соли охир иҷрои нақша пеш аз муҳлат иҷро гардида, боиси хушнудист, ки 95 дар сади даъватшавандагон шаҳрвандони ихтиёрӣ ва ё онҳое мебошанд, ки баъди гирифтани аввалин даъватнома ба комиссариатҳои ҳарбии маҳали зисти худ ҳозир мешаванд. Мутаъсифона новобаста аз пешравиҳои зиёд дар самти иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо як қатор мушкилиҳо аз қабили наомӯхтани шахсияти даъватшавандаҳо, дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ набудани баъзе аз шаҳрвандон, муоинаи нодурусти ташхиси тиббӣ, сари вақт ҳозир нагардидани ҷавонон ба комиссияҳои даъватӣ, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои соҳавӣ ва кирдорҳои коррупссионӣ ошкор гардидаанд, ки ин гуна ашхоси гунаҳкор ба ҷазои интизомӣ кашида шуда, баъзе аз онҳо аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод гардидаанд.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиву монеаҳои дар боло зикргардида, баҳри дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои минбаъдаи даъватӣ, иштирокчиёни ҷамъомад ва масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват бо супоришҳои мушахас вазифадор карда шуданд. Дар ҷараёни муҳокимаи масъалаҳои соҳавӣ вазири мудофиаи мамлакат вазъи кунунии кишварҳои Осиёи миёна ва баъзе аз давлатҳои ҷаҳонро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода, комиссарони ҳарбиро таъкид бар он намуд, ки дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ доимо ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бо дигар сохтору мақомоти давлативу қудратӣ бахусус бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақае, ки фаъолият менамоянд, ҳамкориро боз ҳам қавитар гардонанд.

Дар охири ҷамъомади мазкур, бо фармони вазири мудофиа комиссарони ҳарбие, ки фаъолияти назаррас доранду ин маъракаи муҳими сиёсӣ ё худ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидаанд, бо тақдими сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуда, нисбати чанд нафар аз комиссарон ва кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, ки баръакс дар ташкили ин чорабини хунукназарӣ зоҳир карда, ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд, ҷазоҳои интизомиро татбиқ намуданд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш