01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ИФТИТОҲИ ҚИСМИ НИЗОМИИ НАВТАЪСИСИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИФТИТОҲИ ҚИСМИ НИЗОМИИ НАВТАЪСИСИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маросими ифтитоҳи қисми низомии навтаъсиси таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба ҳайати шахсии он Сипоснома ва Байрақи ҷангӣ тақдим намуд.

Зимни ворид гардидан ба қисми низомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонро сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа генерал-майор Эмомалӣ Собирзода тибқи қоидаҳои низомиён истиқбол гирифт.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳайати шахсӣ арзи салом намуда, сипас маросими супоридани Байрақи ҷангӣ шурӯъ гардид. Бояд гуфт, ки Байрақи Ҷангӣ ба полкҳо, дивизионҳо, қисмҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва дигар воҳидҳои алоҳида супурда мешавад. Зеро Байрақи Ҷангии қисми ҳарбӣ рамзи ифтихор, шуҷоат ва шаъну шарафи ҳарбӣ мебошад. Он барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ баёнгари қарзи муқаддаси хизмати садоқатмандона ба Ватан, мардонавор ва моҳирона муҳофизат намудани он, суботкорона мудофиа кардани ҳар як ваҷаб хоки Ватан ва барои ин мақсад дареғ надоштани хун ва ҳатто ҳаёти худ мебошад. Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ дар тамоми давраи мавҷудият сарфи назар аз тағйири ному рақами он дар қисми ҳарбӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Тағйири ном ва рақами қисми ҳарбӣ бо Сипосномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми супоридани Байрақи Ҷангӣ тақдим мегардад, ворид карда мешавад.

Баъд аз тақдими Байрақи ҷангӣ, ҳайати шахсии қисми низомӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд карданд. Баъд аз садои Суруди миллӣ командири қисми низомӣ чун оини низомиён таҳти навои Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ва бо қадамҳои мутантан Байрақи ҷангиро аз назди ҳайати шахсӣ гузаронида, онро дар сафи пеш қарор дод.

Зимни баргузории чорабинии мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсии баталиони таиноти махсус суханронӣ намуд. Баъд аз суханрониҳо бо амри сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа расми гузашти низомии афсарону сарбозон доир гардид.

Тавре иттиллоъ дода шуд, сохтмони қисми низомии таъиноташ махсус бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми соли 2014 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ, яъне давоми камтар аз ду сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҳаҷми умумии корҳои сохтмонии иҷрогардида, барои бунёду азнавсозии ин қисми низомӣ дар марҳилаи аввал 16 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он дорои тамоми шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ буда, заминаҳои моддиву техникии қисми низомии мазкур ба меъёри ҳарбӣ ҷавобгӯ аст.

Дар дохили қисми ҳарбӣ бинову иншооти гуногуни ёрирасон аз қабили Ситод, хобгоҳи кушоду барҳаво, ҳаммомхонаи сарбозӣ, синфхонаҳои таълимӣ, хонаи дидорбинии волидон, ошхонаи замонавӣ, ки дар як баст метавонад беш аз 200 нафарро фаро гирад, сохта шудааст. Илова бар ин, толори маҷлисӣ бо 400 ҷойи нишаст, ҳаммомхона, анбори озуқаворӣ, хонаҳои хизмати маишиву фароғатӣ, нишастгоҳҳо, майдончаҳои сафороиву қадамзанӣ, техникӣ, тактикиву оташфишонӣ, толору шаҳракҳои муҷаҳҳази варзишӣ, қаровулхона, парки автомобиливу техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар иншооти аҳамияти ҳарбидошта иборат аст.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш