Ба аввал: Навид ДАЪВАТИ НАВБАТИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР ҶУМҲУРӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз103
Дирӯз304
Моҳ4894
Ҳамагӣ184503
Наворҳо

Форум

ДАЪВАТИ НАВБАТИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР ҶУМҲУРӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз якуми апрели соли 2016 дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида буд.

Қобили зикр аст, ки дар нахуст рӯзи оғози ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлоли вилояти Суғд ва ноҳияи Дарвози Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш дода буданд. Ҳамчунин дар давоми як моҳи чорабиниҳои даъватӣ аввалин шуда, вилояти Хатлон, баъдан шаҳру навоҳии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд.

Дар санаи 27-уми майи соли 2016 нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ба анҷом расида, масъулини мақомоти масъули вобастаи давлатии даъват аз иҷрои пурраи нақша гузориш доданд.

Бояд тазаккур дод, ки агарчӣ нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ пурра ба анҷом расида бошад ҳам, вале фаъолияти мақомоти масъули вобастаи давлатии даъват то 31 майи соли 2016 идома меёбад.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо