Ба аввал: Навид ШИФОХОНАИ НИЗОМИЁН ДАР ГАРНИЗОНИ СУҒД 20-СОЛА ШУД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз104
Дирӯз304
Моҳ4895
Ҳамагӣ184504
Наворҳо

Форум

ШИФОХОНАИ НИЗОМИЁН ДАР ГАРНИЗОНИ СУҒД 20-СОЛА ШУД

Шифохонаи ҳарбии гарнизони Суғд соли 1995 дар ҳудуди шаҳри Бӯстон таъсис ёфта, дар рӯзҳои аввали фаъолият он аз 150 кати хоб иборат буд. Дар он рӯзҳо 183 мутахассис соҳаи тиб ба кор ҷалб карда шуданд. Имрӯзҳо сафи мутахассисони соҳа аз ҳисоби афсарон прапоршикон ва хизмати тиббӣ низ хеле зиёд гардида, ҳуҷраҳои табобатӣ ва пеш аз ҳама дохил ва ҳудуди бинои шифохонаи мазкур аз таъмири ҳамаҷониба бароварда шуд.

Дар давоми 20-соли фаъолияти хеш табибони низомии ин беморхона ба бисёр комёбиву мувафаққиятҳои касбӣ ноил гардидаанд, ки ин аз таъмин будани онҳо бо шароити лозима ва таҷҳизоти муосири тиббӣ дарак медиҳад. Ҳайати кории шифохонаи ҳарбӣ ба афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббии саривақтӣ расонида, дар асоси қонунгузориҳои ҷорӣ оид ба хизматрасонии тиббии хизматчиёни ҳарбӣ вазифадоранд, ки ба аъзои оилаҳои онҳо ва пирони рӯзгордидаву собиқадорони ҷангу меҳнат низ ёрии амалии тиббӣ расонанд.

Бо мақсади таъмини сатҳи баланди хизматрасонӣ, айни замон дар ин муассисаи табобатии низомӣ 5 шуъбаи муолиҷавӣ, 3 шуъбаи ёрирасон ва утоқҳои кории алоҳида амал карда ва ҷиҳати ба тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратии гарнизон расонидани ёрии амалӣ басо муфид мебошад. Аз бурду бохт ва фаъолияти пурсамари 20-солаи ин табобатгоҳ намояндагони сохторҳои алоҳидаи давлативу низомӣ ва собиқадорону дигар хизматчиёни ҳарбӣ дар ҷараёни суханрониҳои худ зимни баргузории ҷамъомади бошукӯҳ, ки ҳафтаи равон ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Шифохонаи ҳарбӣ дар ин гарнизон баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

Ҳайати меҳмонон ва дигар афсарони баландрутбаи Вазорати мудофиаи мамлакат табибони ҳарбӣ ва ҳамшираҳои шафқатро ба ин санаи фархунда самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо дар фаъолияти касбӣ муваффақият ва сарбаландиву комёбиҳои беназирро таманно намуданд.

Барои хизматҳои бенуқсон дар иҷрои вазифаҳои касбӣ ба чанде аз афсарону прапоршикон ва дигар кормандони табобатгоҳи ҳарбӣ аз ҷониби меҳмонон ва намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаву ифтихорномаҳои фахрӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо