Home: News ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today207
Week2655
This month1662
Only355125
Video

Forum

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ

Аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ 40 рӯз сипарӣ гардид. Дар ин муддат аллакай тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, чор ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳафт шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.

Дар ин радиф, иҷрои нақша дар ВМКБ 93 фоиз, дар вилояти Суғд 84 фоиз, Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ 83 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт дар давоми 40 рӯзи ин чорабинии муҳими сиёсӣ 66 фоизро ташкил медиҳад. Умуман аз оғоз то имрӯз иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ ба 88 фоиз баробар аст.

Қобили қайд аст, ки дар асоси фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аз 1-уми апрели соли 2016 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат оғоз гардида, он то 31-уми майи соли 2016 идома меёбад.

Қобили зикр аст, ки дар баробари даъвати ҷавонписарони аз 18 то 27 солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин тибқи талаботи ин фармон ва мутобиқи моддаи 7 Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи мудофиа» хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2016 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.

Маркази матбуоти ВМ ҶТ

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ