09 майи соли равон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чорабинии бошукӯҳи идона, ё худ маросими гулгузорӣ барузор гардид.

Ба ин муносибат Боғи Ғалабаи пойтахт ба таври идона ороста шуда, зимни оғози чорабинии мазкур ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи кишвар Шерали Мирзо аз омодагии сарбозон ба маросими гулгузорӣ гузориш дод.

Баъди садои суруди миллӣ, барои пос доштани хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, афсарону сарбозон ва шаҳидони роҳи озодӣ дар назди гулхани абадӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд.

Дар ин маросими бошукӯҳ инчунин аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе, сохторҳои қудратии мамлакат ва Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон низ дар назди лавҳа ва гулхани абадӣ гулчанбарҳо гузошта шуданд.

Хотираи неки қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамзамон бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд.

Худи ҳамон рӯз дар ин мавзеи таърихӣ маросими савгандёдкунии наздики 1000 нафар xавонаскарони ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе, ки дар даъвати баҳории соли 2016 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гардидаанд, доир гардид.