01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД НАТИҶАИ ЯКМОҲАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НАТИҶАИ ЯКМОҲАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ

Дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз якуми апрели соли 2016 дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, муташаккилона идома дорад.

Дар давоми беш аз як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ, иџрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 80 фоизро ташкил дода, аллакай то ин дам 20 шаҳру навоҳии мамлакат нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расонидаанд. Дар миёни гарнизонҳои ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳо пешсаф буда, иҷрои нақша дар ин вилоят ба 94 фоиз баробар мебошад. Ин нишондод дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 87 фоизро ташкил дода, масъулини даъват азм доранд, ки рӯзҳои наздик ин маъракаи муҳими сиёсиро пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд.

Ҳамин тариқ, дар давоми беш аз як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ, иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар вилояти Суғд 75 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 73 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт бошад, он ба 54 фоиз баробар аст.

Умуман даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат айни ҳол муташаккилона ҷараён дошта, фаъолияти мақомоти масъули давлатии даъват дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат то 31-уми майи соли 2016 идома меёбад.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш