01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД “ҶУСТУҶӮ - 2016” БА АНҶОМ РАСИД
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

“ҶУСТУҶӮ - 2016” БА АНҶОМ РАСИД

Машқҳои муштараки васеи низомӣ, ки аз 18 то 22-юми апрели соли равон дар машқгоҳи Маркази таълимии «Мағоб»-и минтақаи Ромит ва машқгоҳи ҳарбии «Лоҳур»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо истифодаи қувва ва воситаҳои ҷузъу томҳои разведкавии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти унвони «Ҷустуҷӯ-2016» идома дошт, ҷамбаст ва натиҷагирӣ карда шуд.

Марҳилаи нахустини оғози машқҳои муштараки низомӣ дар майдони сафороии Маркази таълимии “Мағоб”-и минтақаи Ромит бо садо додани сурудҳои миллӣ ва бардоштани парчами давлатии давлатҳои ширкаткунандаи аъзои СААД ба таври расмӣ шурӯъ гардид. Дар ифтитоҳи чорабинии низомӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоџикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, Котиби генералии СААД Николай Бордюжа ва сардори Ситоди муттаҳидаи ин созмон генерал-полковник Анатолий Сидоров ба сухан баромада, доир ба ҳадафу моҳияти баргузории машқҳо дар самти пешгириву муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҳар гуна амалҳои террорисиву ифротгароӣ, дастгиру безарар намудани афроди ҷиноятпеша ва муайян намудану муқобилият нишон додан алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ибрози назар карданд.

Машқҳои муштараки васеи низомӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои ҷузъу томҳои разведкавӣ дар таърихи мавҷудияти СААД бори аввал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоџикистон гузаронида шуда, дар он ҳайати нерӯҳои разведкавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои Белоруссия, Қазоқистону Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Ҳадафи баргузории машқҳои муштараки васеи низомӣ ин сайқал додану баланд бардоштани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар самти ҷамъоварӣ ва таҳлил намудани маълумоти разведкавӣ оид ба нақшаҳои душмани эҳтимолӣ, муайян намудани ҳадафҳои ғаразноки афроди ҷиноятпеша ва санҷидани омодагии сохторҳои идоравии разведкачиён ва ҷузъу томҳои тобеи он дар ташкили амалиёти муштараки ҷустуҷӯӣ, маълумотдиҳӣ ва дастгиру безараргардонӣ гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ, баҳри ҳифзи сохти конститутсионӣ ва ҳимояи ҳама арзишҳои кишварҳои аъзои СААД-ро дар бар мегирифт.

Машқхои муштарак ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифта, барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои дар он ширкаткунанда тамоми шароити зарурӣ муҳайё гашта буд. Дар нахуст рӯзи машқҳо лавозимоти ҳарбӣ ва дигар силоҳу муҳимоти ҷангии ҳозиразамон, ки дар ин чорабинии низомӣ истифода гардиданд, ба намоиш гузошта шуданд. Мувофиқи нақша омодагии ҷузъу томҳо ба марҳилаи асосӣ машқҳои муштараки низомии зиддитеррористӣ муддати панҷ рӯз идома ёфта, аз ҳисоби гуруҳҳои разведкачиёни нерӯҳои мусаллаҳи 5 давлат Ситоди муттаҳидаи идоракунии ҷузъу томҳо ташкил карда шуд, то ин ки вобаста ба амалӣ намудани тамоми амалиёти дар машқҳо пешбинишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шавад.

Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти ҷузъу томҳои ба машқҳои муштарак ҷалбгардида, ҳам дар Ситоди муттаҳида ва ҳангоми тамринҳои амалии низомӣ аз тарафи масъулини Раёсати разведкаи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва пурра идора карда мешуд. Дар ин замина ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои ин созмон, дар ҳамоҳангӣ чӣ аз рӯи харита ва ҳам бо ташкили роҳпаймоӣ, мавзеъҳои душворгузари кӯҳӣ, талу теппаҳо ва умуман дигар шароити ин минтақаҳоро, ки майдони шартии баргузории амалиёти ҷангро таҷҷасум менамояд, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, бо истифода аз дастгоҳу лавозимоти муосири техникӣ матлаби дар машқҳо пешбинишударо тарҳрезӣ менамуданд.

Дар самти амалиёти дастгиру безараргардонӣ маълумоти заруриро ба Ситоди муттаҳидаи идории ҷузъу томҳо мерасонанд. Ҳамин тариқ марҳилаҳоии якуми машқҳои муштараки низомӣ дар машқгоҳи ҳарбии “Лоҳур” бо истифодаи авиатсияи ҷангӣ, техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, навъи мухталифи тупхонаҳо ва дигар лавозимоти муҳорибавие, ки ба матлаби баргузории машқҳо пешбинӣ шудаанд, ташкилу ба роҳ монда шуд. Инчунин тибқи матлаби баргузории тамринҳои васеи низомӣ дар мавзеъҳое, ки эҳтимолияти таҳдиди хатар вуҷуд доштанд, дар машқгоҳи низомии “Лоҳур” тавассути ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ, тариқи ҷаҳидан ва аз парашутҳо десанти фазои тактикӣ ва дигар ҷузъу томҳои таъиноти махсуси разведкавӣ фуруд оварда шуданд. Марҳилаи дуюми машқҳо, ки даври ниҳоии он маҳсуб меёфт субҳи 22-юми апрел дар машгоҳи Маркази таълимии «Мағоб»-и минтақаи Ромит ҷараён гирифт. Барои назорат аз болои машқҳо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоџикистон Шералӣ Мирзо, сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров, ҳайати разведкавии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои ин Созмон, масъулини сохторҳои қудратии мамлакат, намояндагони ВАО-и дохилу хориҷ ва дигар шахсони расмӣ ба машқгоҳ омаданд.

Дар амалиёти муштарак ҷузъу томҳои таъиншуда, унсурҳои мухталифи зиддитеррористиро тарҳрезӣ карда, бо зарбаи мушакҳои авиатсияи ҷангӣ, оташи шадиди тупхонаҳо ва техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ пойгоҳи шартии террористонро нобуд сохта, афроди ғайриқонуни мусаллаҳро гӯё дастгиру безарар мегардониданд. Дар марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки ҳарбӣ, ҳам дар машқгоҳи “Лоҳур” ва ҳам дар дараҳои хушманзари Маркази таълимии Мағоб беш аз 1500 нафар хизматчиёни низомии ҷузъу томҳои разведкавии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД ширкат намуда, баҳри интиқол ва сафарбарии ҷузъу томҳо дар самти доир намудани амалиёти ҷангӣ, чархболҳои ҳарбиву нақлиётии МИ-8 ва МИ-24, ҳавопаймоҳои низомии АН-30, СУ-24, С-295, ИЛ-76, ТУ-154, авиатсияи тақвиятдодашудаи разведкавӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини Орлан-10, артиллерияҳои худгард, навъи мухталифи туп, техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, ҷузъу томҳои пиёданизоми мусаллаҳ бо силоҳу муҳимоти оташфишони ҷангӣ, таҷҳизотҳои ҳозиразамони радиоэллектронӣ ва дигар дастгоҳу лавозимоте, ки ҳангоми муқовимати мусаллаҳона дар шароити кӯҳистони мамлакат мусоиданду барои доир кардани амалиёт мутобиқат мекунанд, истифода шуданд.

Зимни ҷамбаст ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД бо лавозимоти ҷангӣ дар майдони ҳудуди машқгоҳ саф оростанд. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ва сардори Ситоди муттаҳидаи ин созмон дар назди ҳайати шахсӣ ва намояндагони сершумори ВАО-и дохилу хориҷ, баромад намуда, доир ба таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти олии кишвар баҳри таъмини амнияти давлату миллат, ҳадафу моҳияти баргузории машқҳо, зуҳури хатарҳои ҷаҳони муосир ва дар минбаъда низ тибқи нақша ташкилу ба роҳ мондани чунин машқҳои муштараки низомӣ ибрози андеша карданд. Тавре зикр карда шуд, ки ҳамоҳангии доимӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва боз ҳам мустаҳкам гардидани дӯстиву ҳамдигарфаҳмии ҷузъу томҳо албатта ба омодагии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои ин созмон на танҳо дар таҳкими сулҳу амният дар минтақа, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ва мусоидат менамояд.

Дар охири суханрониҳо ба як қатор иштирокчиёни фаъоли тамринҳои муштараки низомӣ, медалу ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои гуногуни хотиравӣ тақдим карда шуданд. Расми гузашти низомии афсарону сарбозон ва умуман ҳайати шахсии дар машқҳо ширкатнамуда аз назди минбар ва ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ яке аз ороишҳои асосӣ ва анҷомбахши машқҳои муштараки васеи низомии ҷузъу томҳои разведкавии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоџикистон гардид.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш