01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ҲАМА ҚУДРАТУ НЕРӮ БАҲРИ АМНИЯТИ ВАТАН!
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲАМА ҚУДРАТУ НЕРӮ БАҲРИ АМНИЯТИ ВАТАН!

Аз 18-ум то 22-юми апрели соли равон дар машқгоҳи Маркази таълимии «Мағоб»-и минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат ва машқгоҳи «Лоҳур»и ноҳияи Рӯдакӣ, бо истифода аз қувва ва воситаҳои ҷузъу томҳои разведкавии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ машқҳои муштараки васеи низомӣ, таҳти унвони «Ҷустуҷӯ-2016» ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Рӯзи 18-уми апрели соли равон марҳилаи нахустини оғози машқҳои муштараки низомӣ дар майдони сафороии Маркази таълимии “Мағоб бо садо додани сурудҳои миллӣ ва бардоштани парҷамҳои давлатии кишварҳои ширкаткунандаи аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба таври расмӣ шурӯъ гардид.Дар ифтитоҳи ин чорабинии низомӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шерали Мирзо, Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ва сардори Ситоди муттаҳидаи ин созмон генерал-полковник Анатолий Сидоров ба сухан баромада, доир ба ҳадафу моҳияти баргузории машқҳо дар самти пешгириву муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҳар гуна амалҳои террористиву ифротгароӣ, дастгиру безарар намудани афроди ҷиноятпеша ва муайян намудану муқобилият нишон додан алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ибрози назар карданд.

Қобили зикр аст, ки чунин машқҳои муштараки васеи низомии кишварҳои ин созмон бо ҷалби қувва ва воситаҳои ҷузъу томҳои разведкавӣ бори аввал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ба он ҳайати нерӯҳои разведкавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои Белоруссия, Қазоқистону Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат менамоянд.

Ба маҷмӯи машқҳои муштараки низомии ҷузъу томҳои разведкавии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ беш аз 1500 нафар ҳайати шахсӣ ҷалб гардида, ҳамзамон авиатсияҳои ҷангӣ, артиллерияҳои худгард, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин ва силоҳи мухталифи оташфишон истифода мегарданд. Машқхои муштарак ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифта, барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои дар он ширкаткунанда, тамоми шароити зарурӣ муҳайё гаштааст.

Ҳадафи баргузории машқҳои муштараки васеи низомӣ ин сайқал додану баланд бардоштани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар самти ҷамъоварӣ ва таҳлил намудани маълумоти разведкавӣ оид ба нақшаҳои душмани эҳтимолӣ, муайян намудани ҳадафҳои ғаразноки афроди ҷиноятпеша ва санҷидани омодагии сохторҳоии идоравии разведкачиён ва ҷузъу томҳои тобеи он дар ташкили амалиёти муштараки ҷустуҷӯӣ, маълумотдиҳӣ ва дастгиру безараргардонии гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ, баҳри ҳифзи сохти конститусионӣ ва ҳимояи ҳама арзишҳои давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар бар мегирад.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш