Шурӯъ аз якуми апрели соли 2016 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷараён дорад. Дар давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ 62%-ро ташкил медиҳад.

Дар нахуст рӯзи даъват ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Истиқлоли вилояти Суғд нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Чорабинии мазкур дар дигар шаҳру навоҳии ин минтақа муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар вилояти Суғд ба 61% баробар мебошад.

Дар давоми ду даҳрӯзаи чорабинии даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, иҷрои нақша дар гарнизони Хорӯғ 75% буда, аллакай дар ин минтақа ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд.

Аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам, шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппаву Сарбанд ва ноҳияҳои Балҷувону Носири Хусрав аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дода, иҷрои нақша дар қаламрави ин гарнизон 72% - ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 57% ва дар чаҳор навоҳии пойтахт бошад, он ба 38% баробар аст.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВМҶТ