Барои маълумот хотиррасон менамоем, ки дар асоси фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1-уми апрели соли 2016 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Дар давоми беш аз 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ 45%-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, дар нахуст рӯзи даъват ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Истиқлоли вилояти Суғд нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Чорабинии мазкур дар дигар шаҳру навоҳии ин минтақа муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар вилояти Суғд ба 46% баробар мебошад.

Дар давоми беш аз 10 рӯзи чорабинии даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар байни вилоятҳо иҷрои нақша дар гарнизони Хорӯғ59% буда, аллакай дар ин минтақа ноҳияи Дарвоз дар хусуси пурра ба анҷом расонидани нақшаи ба онҳо пешбинишуда гузориш дод.

Аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам, шаҳри Сарбанд аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дода, иҷрои нақша дар қаламрави вилоят 49%-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 37% ва дар чаҳор навоҳии пойтахт бошад, он 25%-ро ташкил медиҳад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВМҶТ