Бо мақсади таъмини волоияти қонун, пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷангӣ ва дар ин замина боз ҳам тақвият додани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию маърифатнокии хизматчиёни ҳҳарбӣ аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллҳи мамлакат корҳои зиёде амалӣ карда мешаванд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиа, ки таҳти роҳбарии вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо ҷараён гирифт, як қатор масъалаҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла оид ба омодагии ҷангӣ, тайёрии амалиётӣ, вазъи ҷинояту қонуншиканиҳо, ҳолати нигаҳдорӣ ва истифодаи самараноки техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, ҷараёни чорабиниҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, натиҷаҳои санҷиши инспексионӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаҳои дар боло зикрёфта, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа, чанде аз роҳбарони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар масъулини дахлдор ҳисобот доданд. Дар ҷаласа, инчунин вазъи кунунии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаҷониба таҳлил гардида, вобаста ба як қатор камбудиву норасоиҳо дар фаъолияти баъзе раёсатҳои навъи Қӯшунҳо ва қисмҳои низомӣ изҳори нигаронӣ карда шуд ва баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли дигар монеаҳои мавҷуда, масъулини дахлдор дар муҳлати муайян супоришҳои қатъӣ гирифтанд.

Дар баробари баррасии масъалаҳои гуногун ва вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи мамлакат изҳори ақида намуда, аз ҷумла қайд кард, ки бо дарназардошти пешравиҳои ҷомеаи муосир, вазъи зудтағйирёбанда дар сарҳади давлатӣ мо набояд зиракии сиёсӣ, омодабошии доимӣ ва масъулияти ба зиммадоштаро аз даст диҳем. Балки бо эҳсоси баланди ватандустӣ вазифаи муқаддаси худро сарбаландона адо намоем.

Дар ин замина таъкид намуданд, ки ба масоили пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, ҳифз ва ҳимояи шаҳрчаҳои низомӣ, боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таваҷҷӯҳи зиёд равона карда шавад. Чунки он ба вазъи омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ таъсири бевосита мерасонад.

Дар охири ҷаласа барои сазовор истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, барои пурра аз байн бурдани рафторҳои ғайриоинномавӣ, сари вақт мусоидат намудан вобаста ба ҳалли ҳама мушкилоти афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ, ғамхории ҳамаҷониба зоҳир намудан ба наваскарон ҳангоми аз бар кардани барномаҳои рӯзмарраи таълимӣ, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва баҳри ташкилу баргузор намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ масъулини дахлдори Вазорати мудофиа бо супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд.