Ҳафтаи равон дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоџикистон ҷамъомад доир гардид, ки дар он масоили вобаста ба таъмини сохторҳои қудратии мамлакат бо маводи хӯрокворӣ, сару либоси низомӣ, пойафзолу дигар амволи шайъӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Масъалаҳои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо маводи хӯрокворӣ, сару либоси низомӣ, пойафзол, таъминоти сӯзишвориву равғанҳои молиданӣ ва дигар амволи шайъӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, барои татбиқи амалии он аз ҷониби масъулини Агентии таъминоти амволи махсус корҳои зиёде амалӣ карда мешаванд.

Дар ҷаласа нахуст дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоџикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини қисмҳои низомӣ, бахусус наваскарон бо тамоми шароитҳои рӯзмарра баррасӣ гардида, баҳри амалӣ намудани он қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Тавре зикр гардид, барои таъмини ҷузъу томҳои

Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар амволи ниёзи аввал Агентӣ тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, зеро ин мақомоти ҳукуматӣ дар тобеияти худ корхонаҳои истеҳсолии гуногун, хоҷагиҳои ёрирасон ва Баталиони кишоварзиро доро мебошад, ки тавассути ин сохторҳо маводи истеъмолӣ сари вақт ба хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомӣ расонида мешавад.

Дар ҷамъомад инчунин, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоџикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоџикистон барои солҳои 2013-2020» мавриди муҳокима қарор гирифта, қайд карда шуд, ки ин масъалаҳо ҳамеша дар маркази диққати масъулини агентӣ қарор дошта, дар самти пешгирӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҳама гуна омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда корҳои зиёде амалӣ карда мешаванд.

Дар ҷараёни ҷамъомад, инчунин роҳҳои саривақт расонидани маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар амволи зарурӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ масоили вобаста ба таъминоти ҷузъу томҳо муҳокима шуда, шахсони дахлдор бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.