Шурӯъ аз якуми апрели соли 2016 даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ҷараён дорад.

Аллакай дар нахуст рӯзи оғози ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлоли вилояти Суғд ва ноҳияи Дарвози Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.

Умуман дар ҷараёни ду рӯзи чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ иҷрои нақша дар вилояти Хатлон 23%, дар Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ 19%, дар гарнизони Бадахшон 13%, дар вилояти Суғд 12% ва дар чаҳор навоҳии пойтахт бошад, он ба 12% баробар мебошад.

Умуман иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ ба 17 % баробар аст.