Бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоџикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз якуми апрели соли 2016 дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид.

Бо мақсади дар сатҳу сифати хуб ташкилу ба роҳ мондани даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ қабл аз оғози ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар Вазорати мудофиа бо иштироки сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - иҷрокунандаи уҳдадории раиси комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ Файзуллозода Шараф Ҷаббор, дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбӣ бо ширкати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерали Мирзо, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, дар Сарпрокурори ҳарбӣ, вилоятҳо ва шаҳру наҳияҳо ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳои пешаздаъватӣ баргузор гардиданд.

Зимни он дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ тамоми масъулин - сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа, амният, мақомоти корҳои дохилӣ, масъулини мақомоти прокурорӣ, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо каррупсия, кормандони Вазорати тандурустӣ, сохторҳои қудратии мамлакат, комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардидаанд.

Аъзоёни комиссияи мақомоти давлатии даъват баҳри дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ин чорабинии муҳими сиёсӣ, риояи қатъии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои судмандро бояд амалӣ намоянд.