Бо фаро расидани фасли баҳор дар ҳама гӯшаву канори кишварамон корҳои ободониву ниҳолшинонӣ ва шанбегиҳои умумиџумҳуриявӣ ҷараён дорад.

Вазорати мудофиа низ дар атрофи иншоот ва дохили ҳуҷраҳои корӣ шанбегӣ гузаронида, бо шинонидани ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ, тозаву нарм кардани бехи дарахтон, кабудизоркунии назди биноҳо ва бо ташкили дигар корҳои ободонӣ аз худ саҳм мегузоранд.

Ин қабил шанбегиҳо натанҳо дар Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, балки дар тамоми џузъу томҳои ин ниҳоди қудратӣ бо иштироки васеи ҳайати шахсӣ мунтазам џараён дошта, зимни он дар назар аст, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо тозаву озода гардонидани гирду атрофи муассисаҳои ҳарбии тобеи худ инчунин ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва ороиширо шинонанд.


Чунин иқдоми созандаву суботкорона бо баргузории шанбегиҳои умумӣ дар тамоми џузъу томҳои Вазорати мудофиа то санаи таџлил аз рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоџикистон идома хоҳад ёфт.