Ҷашни байналмилалии Наврӯзро ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ ва раёсатҳои навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ таҷлил намуданд.

Қабл аз оғози базми наврӯзии низомиён, нахуст ҳайати роҳбарии Вазорати мудофиа ва фармондеҳони навъи қӯшунҳо аз хони идонаи Наврӯзӣ, ки он асосан бо ҳафт сину ҳафт шин оро ёфта буд, дидан намуданд. Сипас, вазири мудофиаи мамлакат генерал-лейтенант Шерали Мирзо дар назди ҳозирин баромад намуда, ҳамагонро бо фарорасии иди баҳору таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона шодбош гуфт.

Ҳамин тариқ, баъд аз силсилаи сухану табрикоти наврӯзӣ маликаи баҳору марди деҳқон, ки ҳарду ҳам дар ин фасл рамзҳои ба худ хосро доранд, вориди базмгоҳ гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ ва ғайринизомии вазорат ҷойҳои дилхушии кӯдакон ва лаҳзаҳои фароғативу истироҳатӣ ташкилу ба роҳ монда шуда буд, ки он пеш аз ҳама, аз таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо дарак медиҳад.

Қисмати асосии ҷамъомадро чун оини доимии наврӯзӣ базму бозӣ ва барномаи васеи консертӣ ташкил медод, ки дар ҷараёни он сарояндагону навозандагон аз Ансамбли «Шараф»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳунармандони ҷумҳурӣ табъи ҳозиринро шод гардониданд.