Машқҳои муштараки васеи низомӣ аз 9-уми март оғоз гардида, чор марҳилаи асосии баргузорӣ ва даври ниҳоии он аз 15 то 20-уми марти соли 2016 дар машқгоҳҳои ҳарбии “Ҳарбмайдон”, “Ҳомиён”, “Сумбула”, “Ҳалқаёр” ва “Лоҳур” ҷараён гирифт. Илова бар ин, дар доираи машқҳои мазкур, бори аввал Пойгоҳи 201-уми ҳарбӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои иловагии Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия барои амалан санҷидани вазифаҳои ҷангӣ дар он ширкати фаъолона намуданд.

Барои дар сатҳи баланд ташкилу ба роҳ мондани маҷмӯи машқҳои муштарак дар вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ, гуруҳҳои амалиётии Ситоди генералӣ, масъулини сохторҳои қудратии ин гарнизон ва Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия Ситоди муттаҳидаи идоракунии ҷангӣ ташкил карда шуд, ки тамоми амалиёти ба машқҳо пешбинишуда, мавриди омӯзиш ва тарҳрезӣ қарор гирифт ва баҳри амалӣ намудани он қарорҳои дахлдор қабул гардид. Илова бар ин, ҷараёни баргузории тамоми амалиёти сохтору мақомотӣ ба машқҳо ҷалбгардида ва омӯзиши мавзӯъҳои ба он пешбинишуда, аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора гардида, он таҳти назорати вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо қарор дошт.

Дар доираи омодагии ҳамаҷониба ба машқҳо дар майдонҳои шартии ҷанг, ё худ размгоҳҳо, ки дар давоми чанд рӯз ба як шаҳраки низомиён табдил ёфтааст, нишона ё худ ҳадафҳо, ки душманони шартиро таҷассум менамоянд, гузошта шуданд. Илова бар ин, дар тамоми машқгоҳҳо хаймаҳои муваққатӣ, ки аз ситоди муштараки муттаҳида, нуқтаҳои муҷаҳҳаз бо воситаҳои алоқа, шабакаҳои интернетӣ, мавзеи фурӯши амволи мухталифи ҳарбӣ, ошхона, ҳаммомхона, ҷои хоб ва аз дигар шароити зарӯрӣ иборат аст, ташкил карда шуданд. Бояд тазаккур дод, ки ба ин гуна чорабинии муҳими низоми ба ғайр аз теъдоди муайяншудаи ҳайати шахсӣ, инчунин техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои гузаронидани он зарур аст, истифода шуданд.

Тибқи нақша дар чунин машқҳо тамоми сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, асосан бо авзои минтақа ва ҷаҳон, пешгирӣ аз зуҳури амалҳои террористиву ифротгароӣ ва дигар падидаҳои хатарноку номатлубро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар мубориза бар зидди ҳама гуна таҳдидҳо маълумоти зарурӣ пайдо менамоянд ва аз он истифода мекунанд. Аз ин рӯ, баҳри дар амал татбиқ намудани ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа бо ҷалби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон машғулиятҳои таълимии ҳарбӣ доир гардиданд. Дар машқҳо ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Федератсияи Россия ширкат намуда, дар он ҳавопаймоҳои қиркунанда, авиатсияи дурпарвоз, чархболҳои ҳарбиву нақлиётии МИ-8 ва МИ-24, техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, артиллерияҳои худгард ва дигар аслиҳаи мухталифи оташфишони ҷангӣ истифода гардиданд.

 

Баҳри назорат аз болои тамринҳои муштараки низомӣ вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо, фармондеҳи қӯшунҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия Владимир Зарудницкий, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, намояндагони ВАО-и дохилу хориҷ ва дигар шахсони расмӣ ба машқгоҳ ҳозир гардиданд. Ҳадафи баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ- стратегӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар қаламрави гарнизони Хатлон ин сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти дастаҳои амалиёти-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористиро дар минтақаҳои сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ дар бар мегирифт.

Зимни ҷамъбасти машқҳои муштараки васеи низомӣ ҳайати шахсии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Россия бо техникаву лавозимоти ҷангӣ дар майдони ҳудуди машқгоҳ саф оростанд. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шерали Мирзо ва фармондеҳи қӯшунҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия Владимир Зарудницкий дар назди ҳайати шахсӣ ва намояндагони сершумори ВАО-и дохилу хориҷ баромад намуда, доир ба таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти олии кишвар баҳри таъмини амнияти давлату миллат, ҳадафу моҳияти баргузории машқҳо ва зуҳури хатарҳои ҷаҳони муосир ибрози андеша карданд. Ҳамоҳангии доимӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва дустиву ҳамдигарфаҳмии ҷузъу томҳоро асоси омодагии Қувваҳои Мусаллаҳи ду кишвар дар таҳкими сулҳу амният дар минтақа ва мусоидати онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд.

Маросими супурдани мукофотҳо яке аз бахшҳои асосӣ, ё худ лаҳзаи фаромӯшнопазир барои иштирокчиёни ин чорабинии ҳарбӣ буд. Он рӯз аз ҷониби вазири мудофиа, фармондеҳи қӯшунҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия ба иштирокчиёни фаъоли машқхои муштарак медалу ифтихорномаҳо, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар тӯҳфаҳои гуногуни хотиравӣ тақдим карда шуданд. Расми гузашти низомии афсарону сарбозон ва умуман ҳайати шахсии дар машқҳо ширкатнамуда, аз назди минбар, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва парвози авиатсияи ҷангӣ аз болои майдони баргузории ин чорабинӣ яке аз ороишҳои асосӣ ва анҷомбахши маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ дар гарнизони Хатлон гардид.