Home: News МАРҲИЛАИ НАВБАТИИ МАШҚҲО БО ТИРПАРРОНИИ ҶАНГӢ ҶАРАЁН ГИРИФТ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today405
Week983
This month4082
Only332994
Video

Forum

МАРҲИЛАИ НАВБАТИИ МАШҚҲО БО ТИРПАРРОНИИ ҶАНГӢ ҶАРАЁН ГИРИФТ

Марҳилаи дуюми маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ дар чанде аз машқгоҳҳои ҳарбии гарнизони Хатлон бо тирпарронии ҷангӣ ҷараён гирифта, ҳамзамон дар доираи машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ дар 25 шаҳру ноҳияҳои ин минтақа қувваҳои эҳтиётӣ, ё худ шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ қарор дошта, дар нуқтаҳои муайяншуда ҷамъ оварда шуданд.

Баъди қабули ишора оид ба омодабошии «ПУРРА»-и ҷангӣ қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳои тамоми сохторҳои қудратии гарнизони Хатлон ва Пойгоҳи 201-уми ҳарбӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои иловагии Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия тибқи тақсимот ва барои доир намудани амалиёти ҷангӣ ба самтҳои муайяншудаи мудофиавӣ ё худ машқгоҳҳои ҳарбӣ сафарбар гардиданд.

 

Бо ҳамин тартиб рӯзҳои 15 ва 16 март дар машқгоҳҳои ҳарбии “Ҳалқаёр” ва “Ҳомиён” бо истифодаи чархболу ҳавопаймоҳҳои ҳарбиву нақлиётӣ, техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, ҷузъу томҳои мусаллаҳи пиёданизом ва дигар лавозимоти ҳарбӣ машқҳои баталионӣ-тактикӣ ва ротавӣ-тактикӣ доир гардид. Мувофиқи нақша ва тибқи матлаби баргузории амалиёти муштараки низомӣ дар минтақаҳои сарҳадии ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Фархору Ҳамадонӣ, Панҷ, Қабодиёну Шаҳритус тавассути чархболу ҳавопаймоҳҳои ҳарбиву нақлиётӣ, десанти фазои тактикӣ ва ҷузъу томҳои таъиноти махсус бо парашутҳо ва усули ҷаҳидан фуруд оварда шуданд.

Дар баробари ҷараёни маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, ҳамзамон 16 март дар 25 шаҳру ноҳияҳои ин минтақа дар доираи машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, қувваҳои эҳтиётӣ, ё худ шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ қарор дошта, ба нуқтаҳои муайяншуда ҷамъ оварда шуданд.

 

Ба ин гуна ҷамъомадҳои таълимӣ асосан комиссарони ҳарбӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардорони Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои доир намудани ин чорабинии низомӣ зарур аст ҷалб карда мешаванд. Илова бар ин, тибқи нақша ва дар доираи баргузории машқҳои муштарак дар марҳилаи сеюм дар назар аст, ки раисони шаҳру ноҳияҳо ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ҷалб карда шаванд.

16. 03. 2016 с.

Дар доираи баргузории марҳилаи сеюми маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо ҷалби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва машқгоҳи “Сунбула” ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ доир гардида, ҳамзамон дар як вақт дар размгоҳи ҳарбии “Лоҳур” машқҳои низомии баталионӣ-тактикӣ ҷараён гирифт.

 

Марҳилаи сеюми маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо ташкилу ба роҳ мондани ҷамъомади мудофиа ҳудудӣ шурӯъ гардид. Ба ҷамъомади таълими раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, комиссарони ҳарбӣ, Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ин минтақа ҷалб гардида буданд.

Илова бар ин, аз ҳисоби захираҳои сафарбарӣ ду баталион, ки ҳар кадоми он аз 500 нафар ҳайати шахсӣ иборат аст, ташкил гардида, барои интиқоли нерӯҳои эҳтиётӣ ва барои тарҳрезӣ намудани матлаби амалияти мазкур техникаҳои хоҷагии халқ истифода шуданд. Дар марҳилаи сеюми машқҳо дар доираи баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ нимаи дуюми рӯз дар машқгоҳи ҳарбии “Сунбула” ҳайати шахсии ба ин машғулиятҳои низомӣ ҷалбгардида, бо истифода аз техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва силоҳу дигар муҳимоти ҷангӣ тирпарронӣ намуда, маҳорату малакаи худро сайқал доданд. Инчунин дар размгоҳи ҳарбии “Лоҳур” машқҳои баталионӣ-тактикӣ ҷараён гирифт.

Дар машқҳо ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Федератсияи Россия ширкат намуда, дар он ҳавопаймоҳои қиркунанда, авиатсияи дурпарвоз, чархболҳои ҳарбиву нақлиётии МИ-8 ва МИ-24, техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, артиллерияҳои худгард ва дигар аслиҳаи мухталифи оташфишони ҷангӣ истифода гардиданд. Ҷараёни баргузории амалиёти ҷангии ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва дигар ҷузъу томҳои ба машқхои муштарак ҷалб гардида, аз оғоз то марҳилаи сеюми машқҳо, чӣ дар Ситоди муттаҳидаи идории қӯшунҳо ва чӣ дар минтақаҳои марзиву машқгоҳҳои низомӣ таҳти назорати вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо қарор дошт.

Мувофиқи нақша ва тибқи матлаби амалиёти ҷангӣ дар назар аст, ки марҳилаи чорум ё худ даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо истифодаи тамоми қувва ва воситаҳои ба машқҳо пешбинишуда, рӯзҳои 18 ва 19-уми марти соли равон дар машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон” натиҷагирӣ карда мешавад.

17. 03. 2016 с.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ