Home: News ҶАРАЁНИ МАРҲИЛАИҲОИ МАШҚҲОИ МУШТАРАК ДАР ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today405
Week983
This month4082
Only332994
Video

Forum

ҶАРАЁНИ МАРҲИЛАИҲОИ МАШҚҲОИ МУШТАРАК ДАР ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН

Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ аз ҷониби сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар хусуси 15 марти соли равон бо бонги хатари ҷангӣ бардоштани тамоми ҷузъу томҳои гарнизони Хатлон ба тасвиб расид, ки тибқи он нерӯҳои таъиншуда минтақаҳои масъулиятноки сарҳадиро таҳти назорат гирифта, дар панҷ машқгоҳи ҳарбӣ, ки майдони шартии ҷангро  таҷассум менамоянд, матлаби тарҳрезигардидаи амалиёти зиддитеррористиро ба иҷро мерасонад.

Масоили вобаста ба истифодаи техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллериву автомобилӣ, ҷузъу томҳои пиёданизоми мусаллаҳ бо силоҳи оташфишон, чархболу ҳавопаймоҳои ҳарбиву нақлиётӣ ва дигар лавозимоти ба машқҳои муштарак пешбинишуда дар Ситоди муттаҳидаи муштараки идории Қӯшунҳо ҳамаҷониба таҳлил гардида, бо қарори роҳбари тамринҳои низомӣ вазифаҳои ҳайати шахсӣ дар самтҳои баргузории амалиёти ҷангӣ муайян ва мушаххас карда шуданд.

Бо назардошти он, ки паҳноии силсилаи ин чорабинии муштараки низомӣ масофаи беш аз ҳазор киллометри минтақаҳои марзӣ, панҷ машқгоҳи ҳарбӣ ва ҳудуди 25 шаҳру навоҳии гарнизони Хатлонро дар бар мегирад, маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ дар чор марҳилла доир карда мешавад. Дар марҳилаи якум, ки он 15-уми март шурӯъ мегардад, санҷиши тайёрии ҷангии қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои тамоми сохторҳои қудратии гарнизони Хатлон дар нуқтаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз гардида, ба тариқи қабули ишора ба омодабошии ҷангии «ПУРРА» гузаронида мешавад.

Зимни марҳилаи дуюм дар давоми вақти муайяншудаи ишораи ҷангӣ қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо ба минтақаҳои иҷроиши вазифаҳои ҷангӣ бароварда шуда, пурзӯр намудани ҳимояи сарҳади давлатӣ, ташкили идоракунӣ ва ҳамоҳангии сохторҳои қудратӣ амалӣ карда мешаванд. Ҷамъомади амалиётӣ-сафарбарӣ барои санҷиши сатҳи тайёрӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардорони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон, шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта дар марҳилаи сеюм пешбинӣ гардидааст.

Дар марҳилаи чоруми тамринҳои низомӣ гузаронидани машқҳои баталионӣ-тактикӣ ва ротавӣ-тактикӣ бо тирпарронии ҷангӣ ҷараён мегирад. Дар машқҳои муштараки васеи низомӣ истифодаи авиатсияи ҳарбӣ, техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, ҷузъу томҳо, фуруд овардани десанти фазоӣ- тактикӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дигар унсурҳои зиддитеррористӣ амалан тарҳрезӣ мегардад.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ