Home: News МАРҲИЛАИ НАВБАТИИ МАШҚҲОИ МУШТАРАК ИДОМА ДОРАД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today415
Week993
This month4092
Only333004
Video

Forum

МАРҲИЛАИ НАВБАТИИ МАШҚҲОИ МУШТАРАК ИДОМА ДОРАД

Аз 9 то 20 марти соли равон дар гарнизони Хатлон бо ҷалби 50 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ, маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ҷараён мегирад. Бо мақсади ширкати фаъолона ба машқҳои муштараки васеи низомӣ тибқи вақти муайянгардида, чархболу ҳавопаймоҳои ҷангиву нақлётии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия тавассути ҳарими ҳавоии кишвар вориди Тоҷикистон шуданд.

Дар асоси нақша ва тибқи талаботи муқараргардида вобаста ба парвози Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Федератсияи Россия чархболҳои ҳарбиву нақлиётии Ми-8 ва Ми-24, ҳавопаймоҳои ҷангиву нақлиётии бомбаандоз, қиркунанда, авиатсияи дурпарвози С-24, С-25, Ил-76 ва Ту-22-и Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия барои иштирок ба маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ дар вақту соати муайяншуда ба пойгоҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фуруд омаданд.


Бояд тазаккур дод, ки дар баробари иштироки сохторҳои қудратӣ ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нерӯҳои эҳтиётӣ аз ҳисоби шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ буда ва техникаҳои ҷангиву нақлиётӣ, авиатсияи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии мамлакат, инчунин наздики ду ҳазор нафар хизматчиёни низомии Пойгоҳи ҳарбии 201-ум бо ҷалби қувва ва воситаҳои иловагии Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия бори аввал дар чунин машқҳои васеи низомӣ иштирок менамоянд. То оғози марҳилаи асосӣ, ки он аз 15-уми март шурӯъ мешавад, қароргоҳи мувақатии ҷузъу томҳои таъиншуда барои баргузории машқҳои муштараки Ситодӣ-фармондеҳӣ панҷ машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлонро фаро гирифтааст.


Мувофиқи нақша ва матлаби баргузории амалиёти ҷангӣ дар назар аст, ки дар машқҳои муштараки васеи низомӣ бо истифодаи 32 авиатсияи мухталифи ҳарбиву нақлётӣ, 950 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва ҷузъу томҳои пиёданизоми мусаллаҳ бо силоҳи оташфишон ба сӯи ҳадафҳои ниҳоӣ, ки пойгоҳи террористон, душманони шартӣ ва роҳи ҳаракати онҳоро таҷассум менамояд, зарбаҳои ҳавоӣ зада, ба сӯи мавзеҳои онҳо оташи шадид равона месозанд ва афроди ғайриқонунии мусаллаҳро дастгиру безарар мегардонанд.

Бояд хотиррасон намуд, ки ҷараёни баргузории тамоми амалиёти сохтору мақомоти ба машқҳо ҷалбгардида ва матлаби машқҳои муштараки васеи низомӣ дар ҳамоҳангӣ тарҳрезӣ гардида, истифода намудану сафарбарии қӯшунҳо аз ҷониби гурруҳои амалиётӣ ва дигар раёсатҳои дахлдори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ назорат ва пурра идора карда мешаванд.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ