Home: News ХОҲОНИ СУЛҲ БОШӢ, ДОИМ БА ҶАНГ ОМОДА БОШ!
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today405
Week983
This month4082
Only332994
Video

Forum

ХОҲОНИ СУЛҲ БОШӢ, ДОИМ БА ҶАНГ ОМОДА БОШ!

Дар доираи баргузориимаҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зидитеррористӣ, ки аз 9-уми марти соли равон дар вилояти Хатлон ҷараён дорад, аллакай ҷузъу томҳои ин гарнизон бо қарори қабулнамудаи Ситоди муттаҳидаи идории қӯшунҳо, баҳри доир намудани тамринҳои васеи низомии Ситодӣ-фармондеҳӣ омодагии ҳамаҷониба мегиранд.

Чор марҳилаи асосӣ ва даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ аз 15 то 20 марти соли равон бо бардоштани ҷузъу томҳои ба машқҳо ҷалбгардидаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Россия бо ишораи хатари пурраи ҷангӣ пешбинӣ шудааст. Барои дар сатҳи баланд ташкилу ба роҳ мондани маҷмӯи машқҳои муштарак дар вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ, гуруҳҳои амалиётии Ситоди генералӣ, масъулини сохторҳои қудратии ин гарнизон ва Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия Ситоди муттаҳидаи идоракунии ҷангӣ ташкил гардидааст, ки тамоми амалиёти ба машқҳо пешбинишуда, мавриди омӯзиш ва тарҳрезӣ қарор мегирад ва оид ба амалӣ гардонидани он қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

Бо гирифтани ишораи ҷангӣ ва баҳри омодагӣ ба машқҳои муштараки Ситодӣ-фармондеҳӣ панҷ машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон, аз ҷумла “Ҳарбмайдон”, “Ҳомиён”, “Сумбула”, “Ҳалқаёр” ва “Лоҳур” айни ҳол ба майдони шартии ҷанг табдил ёфтааст. Тибқи нақша ва матлаби амалиёт нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Россия дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дигар мавзеҳое, ки эҳтимолияти таҳдиди хатар вуҷуд дорад, камингоҳи мудофиавӣ мегузоранд ва мавқеҳои худро мустаҳкам менамоянд.

Ҳамзамон дар доираи машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, нерӯҳои эҳтиётӣ ё худ шаҳрвандон, ки дар қайди комиссариатҳои ҳарбии гарнизони Хатлон мебошанд, даъват гардида, онҳо низ ба ҷанг тайёр карда мешаванд. Албатта, чунин омодагиҳо ё худ машқҳои муштарак бо назардошти вазъи зудтағйрёбии ҷаҳони муосир амали воқеӣ ва бисёр муҳим мебошад. Чунки беҳуда нагуфтаанд: “Хоҳони сулҳ бошӣ, доим ба ҷанг омода бош.” Паҳноии силсилаи машқҳо ё худ амалиёти мазкур минтақаҳои марзии қисмати ҷанубу шарқии мамлакатро дар ҳудуди ноҳияҳои Шаҳритус, Панҷ Ҳамадониву Фархор ва Шӯрободу наздик ба ноҳияи Дарвоз фаро мегирад.

Интиқоли ҷузъу томҳо ба мавзеъ ва минтақаҳои таъиншуда асосан тавассути чархболу ҳавопаймоҳҳои ҳарбиву нақлиётӣ ва техникаҳои ҷангиву автомобилӣ ба таври фаврӣ сурат мегирад. Ҳамзамон, дар майдонҳои шартии ҷанг, ё худ размгоҳҳо, ки дар давоми чанд рӯз ба як шаҳраки низомиён табдил ёфтааст, нишона ё худ ҳадафҳо, ки душманони шартиро таҷассум менамоянд, гузошта мешаванд.

Илова бар ин, айни ҳол хаймаҳои муваққатӣ, ки аз Ситоди муштараки муттаҳида, мавзеи муҷаҳҳаз бо воситаҳои алоқа, шабакаҳои интернетӣ, мавзеи фурӯши амволи мухталифи ҳарбӣ, ошхона, ҳамомхона, ҷойи хоб ва аз дигар шароити зарӯрӣ иборат аст, амал мекунад.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ