Home: News МАШҚҲОИ МУШТАРАК - КАФИЛИ АМНИЯТ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today425
Week1003
This month4102
Only333014
Video

Forum

МАШҚҲОИ МУШТАРАК - КАФИЛИ АМНИЯТ

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи Нақшаи муштараки маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2016 дар ҳудуди вилояти Хатлон бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии ин гарнизон ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, бо тирпаронии ҷангӣ баргузор мегардад, ки дар он наздики 50 ҳазор нафар ҷалб карда мешаванд.

Омодагӣ баҳри ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштарак аз 9 март оғоз гардида, чор марҳилаи асосии багузорӣ ва даври ниҳоии он аз 15 то 20 марти соли 2016 дар машқгоҳҳои ҳарбии “Ҳарбмайдон”, “Ҳомиён”, “Сумбула”, “Ҳалқаёр” ва “Лоҳур” пешбинӣ гардидааст. Илова бар ин, дар доираи машқҳои мазкур, бори аввал Пойгоҳи 201-уми ҳарбӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои иловагии ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия барои амалан санҷидани вазифаҳои ҷангӣ дар он ширкат менамоянд.

Аз ин рӯ ба маҷмӯи машқҳои муштараки васеи низомӣ наздики 50 ҳазор нафар ҷалб гардида, аз ин шумора наздики ду ҳазор нафарашонро хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия ташкил медиҳанд. Дар баробари ҷалби наздики 50 ҳазор ҳайати шахсӣ дар гарнизони Хатлон, инчунин ба маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ беш аз 950 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллериявию автомобилӣ, 20 адад ҳавопаймоҳҳои ҷангиву нақлиётии бомбаандоз, қиркунанда, авиатсияи дурпарвоз, 12 адад чархболҳои мухталифи ҳарбиву нақлиётӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин истифода мегарданд.

Дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар 25 шаҳру навоҳии гарнизони Хатлон ситод ташкил гардида, захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ буда, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои баргузории маҷмӯи ин чорабинии низомӣ заруранд, истифода мегарданд.

Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти сохтору мақомотӣ ба машқҳо ҷалбгардида ва омӯзиши мавзӯҳои ба он пешбинишуда, аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.

Ҳадафи баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ- стратегӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, дар ҳудуди гарнизони Хатлон, ин сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти дастаҳои амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ