Home: News ФАЗОИ ДӮСТИЮ МУСТАҲКАМИИ РОБИТАҲО
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today405
Week983
This month4082
Only332994
Video

Forum

ФАЗОИ ДӮСТИЮ МУСТАҲКАМИИ РОБИТАҲО

Ҷамъомади пуршукӯҳи ҷашнӣ, ки рӯзи 20-уми феврал дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратии мамлакат ташкилу ба роҳ монда шуд.

Қараёни баргузории онро дар баробари афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин толибилмону донишҷӯён ва дигар сокинони пойтахт низ ба таври васеъ тамошо намуданд. Дар оғози чорабинии тантанавӣ нахуст сарбозони даставу гурӯҳҳои таъиноташон махсуси Қӯшунҳои дохилӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоџикистон, Қӯшунҳо сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва десантчиёни Вазорати мудофиа машқу таълимоти низомӣ ва муҳорибаҳои тан ба тани ҳарбиро ба насли наврасу ҷавонони ояндасози миллат нишон дода, бо донишу малакаи касбии хеш ва омодабошии ҳамаҷонибаи ҷангӣ ҳозиринро бовар кунониданд, ки онҳо тайёранд давлату миллати хеш ва ин сарзамини биҳиштманзараро бечунучаро муҳофизат намоянд.

Албатта, ин ҳама ҳарбу зарб ва таълими хуби низомиён шаҳодат аз он аст, ки Аритиши миллии Тоҷикистон новобаста аз роҳҳои сангини тайнамудаи хеш имрӯз дар давоми 23 соли мавҷудияташ нерӯманду тавоно аст ва ҳайати шахсии он бошад, барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ доимо тайёранд. Ҳаракатҳои мавзуни низомӣ ва қадамзаниву машқҳои гуногун бо силоҳ амалиёти дигари ҳарбӣ буд, ки он рӯз дар ҷамъомад ба таври васеъ таҳти навои Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ аз ҷониби сарбозони Баталиони қаравули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомии кишвар нишон дода шуд.

Гузашти низомӣ ва қадамзаниҳои мутантани тарбиятгирандагони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа дар баробари сарбозони қисму воҳидҳои мақомотҳои ҳарбии мамлакат ба чорабинии онрӯзаи низомиён ҳусни тоза бахшид. Қобили қайд аст, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи хизмати ҳарбӣ ва равобиту ҳамкории густурда доштани хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳолӣ чорабинии ҷашнии низомиёни кишвар дар сатҳи лозима ва аз рӯйи талаботҳои хос ба хизмати пуршарафи ҳарбӣ гузаронида шуда, аз ҷониби масъулини ақибгоҳии сохторҳои номбаршуда, дар гӯшаҳои боғи мазкур барои аҳолӣ ошхонаи саҳроӣ бо зиёфати хӯроки сарбозӣ ва базми консертӣ бо иштироки сарояндагони маъруфи кишвар ташкилу роҳандозӣ гардида буд.

Умуман чорабинии пуршукӯҳи низомиён дар Боғи Ирами пойтахт бо шукргузориҳои самимӣ ва бо суруду оҳангҳои ватандӯстонаи аҳли ҳунару санъат, навозандагону сарояндагон ва дигар дастаҳои ҳунарӣ аз ансамблҳои ҳарбии сохторҳои низомии ҷумҳурӣ ва Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоџикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба поён расид. Худи ҳамон рӯз бо ибтикори Вазорати мудофиа дар толори «Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз» байни намояндагони Воситаҳои ахбори омма ва хизматчиёни ҳарбӣ чорабинии варзишӣ ё худ мусобиқаи рафиқона баргузор гардид. Албатта, иди касбии муҳофизони Ватан барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва ҳар як шаҳрванди ба ору номуси ин сарзамини аҷдодӣ санаи муҳим ва пурифтихор мебошад.

Зеро низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҳар як фарди некбини ҷомеаи имрӯза дар таъмини амнияти давлату миллат, ҳимояи марзу бум ва ҳайёти осоиштаи мардуми Тоҷикистони азиз саҳми арзанда доранд. Мусобиқаи варзишии рӯзноманигорони ҷумҳурӣ бо хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуда, иштирокчиёни он асосан аз намудҳои футболи хурд, турниккашӣ, бандкашӣ, дастхобонӣ ва аз дигар навъҳои маъмули варзиш байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Ҳадаф аз ташкили чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани ҳамкории хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа ва дар маҷмӯъ Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо аҳолии кишвар, ВАО, мубодилаи афкор дар ҳалли мушкилоту пешравиҳо, ҳамоҳангии доимӣ дар ҷодаи мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва муҳимтар аз ҳама мусоидат намудан дар пойдории сулҳу суботи сартосарии Ватани азизамон мебошад.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ