Home: News ЧОРАБИНИИ ҶАШНӢ БАҲРИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today421
Week999
This month4098
Only333010
Video

Forum

ЧОРАБИНИИ ҶАШНӢ БАҲРИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН

Ба муносибати 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 феврал дар театри давлатии Опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи ҷашнӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, вазири мудофиаи кишвар, роҳбарони сохторҳои низомиву ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ҳайатҳои фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону сарбозони сохторҳои қудратӣ ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони ин марзу бумро ба муносибати 23 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрику таҳният намуда, дар иҷрои вазифаҳои пуршарафи хизматӣ ба онҳо барору комёбиҳоро таманно кард.

Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ низ ба сухан баромада, доир ба дасгирии бевоситаи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати низомиён ва оид ба дастовардҳои Артиши миллӣ ибрози андеша кард.

Аз ҷумла, аз комёбиҳои бадастомадаи Вазорати мудофиа, дар тӯли ин солҳо ёдовар шуда, ҳозирин ва дар симои онҳо ҳама хизматчиёни ҳарбиро таъкид бар он намуд, ки аз ин мувафақиятҳо набояд қаноатманд шуд, балки дар минбаъда баҳри рушду нумӯи Артиш ва боз ҳам пурқудрат намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар роҳи баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлати соҳибистиқлол бояд ҷаҳду талош намуд.

Баъди анҷоми қисмати расмии чорабинии ҷашнӣ, аз ҷониби ҳунармандон барномаи идонаи консертӣ доир карда шуд.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ